Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2406
Печать

 

Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро, ки аз соли 2015 боз дар хориҷа ба сар мебарад, дар ғайбаш ба “муддати тӯлонии зиндон” маҳкум кард. Мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифт.

 

Як манбаъ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр эълони ҳукм алайҳи раиси ҳизби мамнӯи наҳзатро тасдиқ кард, вале гуфт, салоҳияти ифшои ҷузъиёт, аз ҷумла ба чанд соли ҳабс маҳкум шудани ӯро надорад. Бар асоси иттилои манбаъ, додраси парванда ҳукмро рӯзи 2-юми октябр хондааст.

"Азбаски парвандаи Муҳиддин Кабирии 53-сола махфӣ буд, аз ин рӯ, додрасҳо аз интишори ҳукм худдорӣ карданд. Ҳамин қадар мегӯям, ки ҳукм сангин аст", - гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Додгоҳи олии Тоҷикистон то ба ҳол расман ин ҳукмро эълон накардааст.

Аз ташкили иттиҳоди ҷиноӣ то исён

Қаблан мақомоти Додгоҳи олӣ гуфта буданд, ки мурофиаи паси дарҳои бастаи Муҳиддин Кабирӣ дар оғози соли ҷорӣ дар ғайбаш шурӯъ шуд ва ӯро дар нақзи 18 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор карданд. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе ваъда дода буд, ки ҷузъиёти парвандаи Муҳиддин Кабирӣ баъди содир шудани ҳукмаш нашр мешавад.

Масъулини Додгоҳи олӣ дар ҳамин нишасти хабарӣ аз 18 моддае, ки Кабирӣ дар нақзи онҳо муттаҳам мешавад, 10 номгӯи онро эълон карданд.

Онҳо гуфтанд, Кабирӣ аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ; барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ; ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ; тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш; одамкушӣ; исёни мусаллаҳона, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба соҳибияти каси дигар додани лавозимоти ҷангӣ муттаҳам мешавад. Ҳамаи ин моддаҳо мӯҳлатҳои тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунанд.

Чаро паси дарҳои баста?

Дар гузашта раҳбарияти ҲНИТ дар хориҷа мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба Муҳиддин Кабирӣ ва муттаҳам шудани ӯро дар нақзи наздики бист моддаи Кодекси ҷиноӣ маҳкум карда, онро дорои ангезаҳои сиёсӣ номидаанд. Аз ҷумла, Маҳмудҷон Файзраҳмонов, яке аз фаъолони ҳизб қаблан гуфта буд, ки пушти дарҳои баста баргузор шудани мурофиа ба он хотир аст, ки "воқеиятҳо ошкор нашавад".

Худи Муҳиддин Кабирӣ ҳамаи ин иттиҳомотро беасос ва тӯҳмат ба хотири аз байн бурдани ҳизби сиёсиаш дар Тоҷикистон унвон карда буд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзатро дар ташкили ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон муттаҳам карданд. Дар амалиёти зидди ошӯбгарон, ки аз 4 то 16-уми сентябри соли 2015 идома кард, дар маҷмӯъ тақрибан 50 нафар кушта шуд.

Ба дунболи ин ҳодисаҳо, Додгоҳи олии Тоҷикистон ҲНИТ-ро мамнӯъ ва як созмони террористӣ эълон кард. Сипас сездаҳ узви раёсати ин ҳизб, аз ҷумла муовинони раис Муҳаммадалии Ҳаит, Саидумар Ҳусайнӣ ва дигарон аз 14 соли зиндон то ҳукми абад маҳкум шуданд. Баъди ин даҳҳо узви ҳизб ҳам барои даст доштан дар ошӯби мусаллаҳона пушти панҷара рафтанд.

Ду тараф дар ҷаласаи САҲА

Ҳамаи ин мурофиаҳо пушти дарҳои баста гузаштааст ва ҷузъиёти ҷараёни мурофиа барои ҷомеа нашр намешавад. Танҳо аз рӯи иттилои парокандаи фаъолони ҳуқуқ ва наздикони маҳкумшудаҳо, аксари аъзои раёсати ҳизб дар додгоҳ ба бегуноҳии худ пойфишорӣ карда гуфтаанд, ки ҳизб дар ташкили ошӯб даст надорад ва ҳукми онҳо дорои ангеҳзаҳои сиёсӣ аст.

Моҳи сентябри имсол Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои ҳизбаш ҳамроҳ бо аъзои ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар ҷаласаҳои САҲА дар як толор иштирок карданд. Мақомоти тоҷик дар ин нишаст бори дигар ба “террористӣ” ва “ғайриқонунӣ” будани ин ҳизб таъкид карданд.

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: