Дар яке аз сомонањои нањзатї матлабе тањти унвони «Таъсиси сомонаи расмии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» интишор ёфт. Ин дафъа дар заминаи дастуроти роњбарияти ТТЭ ЊНИ Кумитаи нав таъсис ёфта, наљоти зиндониёнро бар уњда гирифтааст. Ҳамон зиндониёне, ки дар содир кардани ҷиноятҳои террористӣ, табаддулоти ҳарбӣ, иқтисодӣ-коррупсионӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва одамрабоӣ даст доранд ва тибқи адолати судӣ, ки талаботи кулли ҷомеаҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва пешрафта аст, адои ҷазо менамоянд.
Таваљљуњ фармоед: ТТЭ ЊНИ, ки худро наљот дода наметавонад, акнун наљоти дигаронро ба зимма гирифта, дар ин самт барномањои навро дар симои Кумитаи шањрвандї рўйи даст мегирад (албатта, бо кумак ва мусоидати хољагони хориљї). Ба даъвињои масъулини Кумитаи нав хостем чанд назари худро баён намоем:
1.Аљаб корњое дар дунё сурат мебанданд ва аксаран, ин навъи дар нохунак ибтикорот, бештар ба доираи нањзатиёни фирорї тааллуќ мегирад. Њама корњо, мисли ин ки анљом ёфтаанд ва навбат ба таъсиси созмони нав – «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» расид. Бубинед, Кумитаи нав њам ба ном фаъолони сиёсиро дар худ таљассум мекунад ва гўиё њуќуќи зиндониёни сиёсиро њимоят менамояд. Кадом зиндониёни сиёсї? Ња, фањмо, зиндониёне, ки танњо ба тими нањзат тааллуќ мегиранд. Дигар зиндониён, аслан ба дарди нањзат ва доирањои ба он наздик намехўранд. Ин аст, ки Кумитаи нав талабот ва муќтазиёти худро дар доираи зиндониёни нањзатї, ки бар асари љиноятњои террористӣ паси панљара ќарор гирифтаанд, мањдуд мекунад. Дигар ин ки муљриёни Кумитаи навтаъсис њам ба нањзат ва афкори нањзатї иртиботи бевосита ва бавосита доранд, аз ин лињоз, њар чї дар ин замина гуфта ва ё интишор меёбад, ба нафарони ба доирањои нањзат иртиботдошта тааллуќ мегирад.
2. Кумитаи мазкур, ки сад дар сад мутмаинем, аз љониби доирањои махсуси хориљї сармоягузорї ва љонибдорї мешавад, тайи фаъолияти семоња дар баргузории пикету флешмобҳо ва тазоҳуротҳои сохтаи иѓвоангезона дар баъзе кишварњо сањм гирифтааст. Ба доираи фаъолияти Кумита таваљљуњ мекунем: пикету флешмоб ва тазоњуроти ба истилоњ, густарда алайњи давлат ва Њукумати Тољикистон ташкил мекунад, исми ба ном зиндониёни сиёсиро фењрист ва љинояткорони террористро реклама менамояд, аз созмонњои байналмилалї кумакњои молию пулї ва пуштибонии сиёсї металабад ва саранљом дар Аврупо паёми бегуноњї пахш месозад. Гузашта аз ин, Кумита маљаллае тањти унвони «Тоҷикистон: қурбониёни таъқиби сиёсӣ» таъсис дода, барои он ки худ ва њаммаслакони террористашонро дар хориљ реклама кунад, исми онњоро фењраствор зикр карда, ба ин восита бегуноњии нањзатро собит кардан мехоњад. Аз ин фурсат истифода бурда, дастандаркорони Кумитаи мазкур гуноњњои набударо бо туњмату буњтон бар гардани Њукумати Љумњурї зада, холи сиёсї мегиранд. Дар њоле ки љомеаи шањрвандї ва мадании аврупої ба ин навъ кумитањо ва созмонњо, ки шуморашон њар рўз ба садњою њазорњо мерасад, аслан эътибор намедињанд. Аз ин љост, ки бо ташкили чунин кумитањо ва созмонњои гуногун шумори муътаризони муњољир намеафзояд, баръакс, њисоби анбўњи нафароне, ки алайњи ба ном оппозитсияи тољик мешўранд, зиёд мешавад. Чун аксари кулли муњољирини тољики муќими Аврупо «лаззати» паноњ бурдан ба нањзатро медонанд ва аз ин ташкилаи бенуфуз парњез мекунанд.
3. Бубинед, ки масъулини Кумитаи нав рўзи 16 сентябрро ба унвони Рўзи зиндониёни сиёсї пазируфтаанд. Чаро? Чунки дар ин рўз нањзатиёни љинояткороне, ки дар табаддулоти Абдуњалим Назарзода даст доштанд, ба њабс гирифта шуданд ва Кумитаи мазкур аз фурсат истифода бурда, ба онњо мартабаи «зиндониёни сиёсї»-ро туњфа мекунад. Пањн кардани брошюра ва дигар маводи таблиѓї баёнгари он аст, ки масъулини Кумита аз як обишхўр об мехўранд ва обишхўри онњо -- ТТЭ ЊНИ мебошад. Аз ин љост, ки талаботи масъулини ин гурўњ дар доираи хостњои нањзатї мањдуд гардида, љињати њамовозї пайдо кардан ба сатњњои дигари муњољирї бароварда мешаванд. Дар асл, ин тоифаи ба ном зиндониёни сиёсї, ба сиёсат рабте надоранд, онњо љиноят содир карда, террорист унвон мешаванд, дар баробари ќонун љавоб гуфтаанду халос.
4. Ба даъво ва дархостҳои ба ном Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки дар њудуди 13 талаб раќамгузорї шудаанд, посухи иљмолии раќамї ироа медорем:
1) зиндониёне, ки Кумитаи нањзатї дар назар дорад, ба њељ ваљњ, дигарандеш нестанд ва тафаккури бастаи таассубї ва хурофотї доранд. Сониян, кирдори онњо дар љараёни мурофиаи љиноятї мавриди баррасии љиддии ихтисосї-њуќуќї ќарор гирифта, бар асоси њалномаи суд ва таркиби љиноёте, ки муртакиб гардидаанд, равонаи зиндон шуданд. Ба ин маъно, њар нафари террористро, ки Кумита ба унвони «зиндониёни сиёсї» муаррифї мекунад, дар асоси ќонун ва асноди меъёрии њуќуќї зиндонї шудаанд. Дурўѓи дигари Кумита рўйи фишорњои набуда ва дурустараш, бофташуда тамаркуз мекунад. Барои бозпурсї даъват кардан ва гузаронидани суњбатњои ихтисосї ва тарбиявї аз кай боз фишор номида шудааст. Бо модари Мањмуд Файзрањмон ва бародари Љанатуллоњи Комил, ки њар ду персонали мутаассиби нањзатї мебошанд, суњбат кардан фишор аст? Магар маќомоти марбутаи давлатї њуќуќи бо шањрвандони худ суњбат кардан ва фањмонидани љузъиёту куллиёти њаракатњои номатлуб, тундгаро ва таассубомези наздикону пайвандони ба ном «дигарандешон»-ро надоранд? Дар тамоми давлатњои дунявї ва демократї ин тарзу усули кор мавриди истифода ќарор мегирад. Агар сохторњои дахлдори давлатї бо наздикону пайвандони террористоне, ки ба хориљ паноњ бурда, барои ноором сохтани авзоъ талош меварзанд, суњбатњои ихтисосї нагузаронанд ва ба онњо воќеиятњоро ошкор насозанд, пас, чї кор кунанд?! Охир, вазифаашон њамин аст, бигзоред, ба вазифаашон амал намоянд. Магар дар Аврупо хешону пайвандони террористон ва љинояткорон ба маќомот даъват намегарданд ва бо онњо суњбат намекунанд? Мекунанд, вале нањзат ва нањзатмаобон бо шумули Кумита ин тарзи кори маќомоти ќудратии аврупоиро нодида мегиранд, зеро ки ба манфиаташон нест;
2) Њукумати Тољикистон ва маќомоти ќудратї пеши роњи кадоме аз пайвандони љинояткорони нањзатиро гирифтааст? Аз љониби дигар, баъзан барои эњтиёт маќомоти марбута имкони хуруљи бастагони љинояткорони нањзатиро муваќќатан мањдуд мекунанд, чаро ки радду бадали бевоситаи онњо ихтилофотро дар муњитњои иљтимої ба вуљуд меоварад ва эътирозоти мардумиро дар пай дорад (аз љониби ќишрњои иљтимої суолоте ба ин мазмун пеш меоянд, ки чаро пайвандону бастагони љинояткорон бидуни монеа ба хориљ иљозаи сафар доранд? Аз ин рў, даъвињои Кумитаи нањзатї дар ин замина љуз њангома чизи дигаре буда наметавонад;
3) тањрифи воќеиятро бубинед, ки чї сон аз љониби масъулини Кумита матрањ мегарданд. Он чи ки нањзатиён ва масъулини Кумита ба унвони мадрак ёд мекунанд, на мадрак, балки воњимаесту бас. Кадом нуќтаи тиббї ба тифлону кўдакони ба ном фаъолони сиёсї кумак накардааст? Масъаларо мушаххас кардан лозим аст, ин гуна дуруѓгўињо ба кор намераванд. Њар нафар бидуни далел гуфта метавонад, ки ба фарзандонаш кумаки аввалияи тиббї расонида нашудааст. Ин навъ иддаоњоро њар кас карда метавонад, бинобар ин, аз дасисабозї канор бояд рафт. Њазорон табобатгоњ, беморхона, ташхисгоњ, бунгоњи тиббї ва амсоли инњо дар ќаламрави љумњурї фаъоланд, ки ба мизољон хидмат мерасонанд;
4) латукўб, нарасонидани кумакњои аввалияи тиббї ва мавридњои вафоти зиндониёни ба ном сиёсї масъалаест, ки нањзат њамарўза ба он мечаспад ва муњимтар аз њама, онро њангома ва сенсатсия мекунад. Мо шоњиди онем, ки чандин комиссияњои созмонњои байналмилалї аз вазъи зиндонњои Тољикистон дидан намуданд ва дар ин замина гузоришот пешнињод карданд. Чаро ба гузоришот ва изњори назароти масъулини созмонњои байналмилалї таваљљуњ намешавад? Љавоб як аст: Чунки ин навъ гузоришњо ба дарди нањзат ва Кумитањои нањзатї намехўранд;
5) њељ мамнўияте дар истифода аз Интернет ва корбарии шабакањои иљтимої мушоњида намешавад, ба љуз чанд мавриди истисної, ки бар асари нољурињои техникї-фанї рўйи кор омадаанд. Ин љойи нигаронї надорад ва њалшаванда аст. Аммо ин навъ нољурињои фанї-техникиро ба сифати найранги сиёсї истифода бурдан дар фаъолияти чандинсолаи нањзатї зиёд мушоњида мекунем;
6) имрўз дар ќаламрави љумњурї њафтаномаю рўзномањои сиёсї-иљтимої ва илмї-маданї дар доираи ќавонини љорї фаъолият мекунанд ва њељ кадом маќомоте пеши роњи интишори онњоро нагирифтааст. Озодандешї ва дигарандешї дар љумњурї баъзан аз љониби гурўњњои табањкори нањзатї, ки дар ќолаби рўњонияти муњофизакори дохилї арзи њастї мекунанд, мавриди интиќоди муѓризона ќарор мегирад. Аммо маќомоти марбутаи давлатї саъю талош меварзад, ки роњи гуногунандешї ва муњимтар аз ин, озодандешї њамвор шавад ва демократия ва гуманизми воќеї дар тамоми баданањои иљтимої татбиќ гардад;
7) дарёфти кӯмаки молӣ аз хориҷ барои бастагони ба ном мухолифон гумоне беш нест ва дар ин замина тавтеасозї танњо ба манфиати Кумита ва њаводори нањзатї мебошаду хайр;
8) Иќдоми мусодираи амволи наздикони мухолифони сиёсӣ (дар асл љинояткорон) бофтаю пардохтаи њамин Кумита аст ва, албатта, мусодираи амволи љинояткор як бахши муњимми татбиќи љазо дар низоми њуќуќи љиноятии Тољикистон мебошад. Бинобар ин, агар амволи љинояткорони нањзатї мусодира шуда бошад, њатман он дар асоси њалнома ва таъйиноти макомоти судї сурат гирифтааст;
9) Эҳсон Одинаев чї шахсияти матрањ аст, ки Њукумат ва маќомоти дахлдори давлатї иттилоотро дар бораи ў пинњон кунанд? Эњсонњои љинояткор дар хориљ зиёданд ва вазифаи сохторњои ќудратї, аз љумла маќомоти амнияти давлатї љустуљў, пайгирї ва ба ихтиёри адолати судї супурдани љинояткорон мебошад;
10) Дар донишкадаю донишгоњњои Тољикистон ба љурми дидгоњи сиёсї ва озодандешї нафаре муттањам нашудааст. Албатта, донишљўёне, ки аќидањои ифротии динї-мазњабї доранд, тибќи ќонунњои амалкунандаи љумњурї муљозот мешаванд. Озодандешии донишљўён дар муассисоти тањсилоти олии касбї истиќбол мегардад ва аз љониби маќомоти марбута љињати тањкиму таќвият ёфтани љараёни озодандешї тадбирњои судманд андешида ва роњандозї мешаванд. Аммо дигарандешии динї-мазњабї, ки бар мабнои аќоиди пўсидаи мазњабї созмон ёфтааст, дарди сари на танњо давлат, балки тамоми љомеа мегардад. Ин падидаи шум (ташаннуљи хурофоту таассуби мазњабї)-ро дар охири солњои њаштодум ва ибтидои солњои навадуми асри бист хеле хуб мушоњида кардем ва натиљаи манфиашро њам бо чашми сар дидем, ки дар вусъати он наќши нањзат калидї буд;
11) аз кадом озору азияти фарзандону пайвандони ба ном мухолифони сиёсї сухан меравад, намефањмам?! Дигар ин ки дар донишгоњњо донишу маърифат ва рафтору кирдори донишљў мадди назари маъмурият ва њайати омўзгорї-профессории муассисоти тањсилоти олии касбї ќарор мегиранд. Ба хешу аќрабо ва љузъиёти сиёсии хонаводаи донишљў, аслан таваљљуњ намешавад. Инро нањзат ва кумитасозони нањзатї хуб медонанд, вале барояшон дар њар самте њатман њангомае лозим аст;
12) парвандањое, ки аз љониби маќомоти марбута, аз љумла прокуратура сурат мегиранд, дурўѓин нестанд. Баръакс, њар як парвандае, ки нисбат ба нафарони алоњида ва ё гурўњњои љиної боз мегарданд, бо дарназардошти таркиби љиноёт ва ваљњу далоили љиної ба истењсолоти њуќуќї равона мегардад. Аз ин рў, бидуни далел нисбат ба нафаре парванда боз намешавад ва нафароне, ки манзури Кумитаанд, дар асоси далелњои шайъї пушти панљара ќарор гирифтаанд ва парвандањои онон, ба њељ ваљњ, сиёсї нестанд;
13) албатта, масъулон ва кормандоне, ки бо нақзи қонуни асосӣ ва дигар қонунҳои Тоҷикистон ва низ меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ нисбат ба кӯдакон ва бастагони дигарандешон амалҳои нораво ва шиканҷа раво дидаанд, њатман ба истеъфо фиристода мешаванд, агар силсилаи амалњоеро, ки ба ном Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ирсол доштааст, анљом дода бошанд. Њол он ки маќомоте дар пайи ин иддао муќассир нест. Он чиро, ки нањзатиён солњост дар ин замина тариќи расонањои љамъию гурўњи ироа мекунанд, љуз њадсу гумон чизи дигаре нест ва њадсу гумон, чуноне ки медонем, дар протседураи њуќуќї далел буда наметавонад.
Дар маљмўъ, иддаоњои иќтизошудаи Кумитаи нав даъвињои пўсидаеро мемонанд, ки ба худи нањзат дахл доранд. Он рўйхати дусаднафараи зиндониёнеро, ки нањзатињо тартиб дода, иѓвогарона муњри «сиёсї»-аш задаанд, дар асл, љинояткороне њастанд, ки њар кадом мувофиќи љинояти содирнамудаашон имрўз муњлати љазояшонро паси сар мекунанд. Масалан, чанд нафари онњо бо љурми иштирок дар кўшиши табаддулоти давлатї дар сентябри соли 2015, баъзењо бо гуноњи терроризму ифротгарої мањкум гардидаанд. Баъзеи дигарашон љиноятњои хусусияти иќтисодидошта содир карда, ба мањбас кашида шудаанд. Аммо гуноњи њамаи онњо бо далелњои раднопазир исбот гардида, бо ќарори Суд љазо гирифтаанд. Маъмулан, љинояткорро дар њар кишвари дигаре ва дар њар давру замон ба љавобгарї мекашанд. Ягон љойи њайронию воњима надорад. Ва ТТЭ ЊНИ њам ягон хел њизби мухолифи сиёсї нест, балки ташкилоти террористї мебошад. Инро маќомот бо санаду далелњо исбот кардаанд ва ќарори Суди Олии кишвар дар ин маврид судур гардидааст. Дигар нањзатињо њарчанд њангома бардоранд њам фоида надорад. Зеро бо «сиёсї» хондани террористону љинояткорон онњо якбора дигар намешаванд.
ТТЭ ЊНИ дар хориљ аз кишвар ба тавтеаю дасиса ва иѓвогарї машѓул шуда, созмону ташкила ва кумитањои барзиёд ташкил карда, худро реклама мекунад ва як навъ нуфуз доштанашро дар Аврупо ба намоиш мегузорад. Аммо нањзат, чи бо њузури Кабирї ва чи бидуни њузури Кабирї дар муњити тољикистонї ва њам аврупої, ки мардумонаш бар мабнои аќлу дониши дунявї зиндагї мекунанд, маъруфият пайдо намекунад, зеро ки роњи иштибоњї ва террористгунаро интихоб кардаанд ва инро дар ояндаи наздик хоњем дид.
Зикриё Акрамӣ, доктори илмҳои таърих, профессор
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: