Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 3001
Печать


Ҳусейн Абдусамадов, як сокини Душанбе, ки дар ширкат ба ҳамлаи сайёҳони хориҷӣ дар ҷамоати Себистони Данғара рӯзи 29 июл гумонбар мешавад, барои нахустин бор баъди ин ҳодиса дар як барномаи телевизиони давлатӣ зоҳир шуд.

Дар барномаи телевизионии “Гирдоб”, ки шоми 4 сентябр дар шабакаҳои давлатии телевизионӣ намоиш дода шуд, Ҳусейн Абдусамадов гуфт, ки масъулияти раҳбарии гурӯҳи ҳамлагарон ба сайёҳони хориҷиро ба дӯш дошт.

Абдусамадов дар ин барнома қайд мекунад, ки ҳамларо бо супориши шахсе бо номи Қорӣ Носир анҷом додааст. Ӯ инчунин мегӯяд, ки нақшаи ташкили ҳамларо раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ кашида ба онҳо супориш додааст, ки “дар Тоҷикистон амалеро анҷом диҳанд, ки хусусияти байналмилалӣ дошта бошад”.

Дар барнома инчунин саҳнаи аз бонк пул гирифтани Абдусамадов, ки камераҳои назоратии бонки “Эсхата” дар Норак сабт кардааст, намоиш дода шуд. Тафтишот мегӯяд, ки ин маблағ барои ташкили ҳамла ба хориҷиҳо ирсол шудааст. Ҳамлагарон савори мошин, аввал ба сайёҳони велосипедсавор ҳамла карда, пас аз ин онҳоро бо корд ба ҳалокат мерасонанд. Дар натиҷа, 4 нафар шаҳрвандони Амрико, Ҳолланд ва Швейсария кушта шуда, се нафар захмӣ шуданд.

Дар изҳороти додситонии кулли Тоҷикистон дар робита бо ин ҳодиса моҳи август гуфт шудааст, ки ин ҳамларо Ҳусейн Абдусамадов, Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо (сокинони Норак) анҷом додаанд. Дар амалиёти боздошти ҳамлаварон чаҳор нафари онҳо “безарар гардонда шуда”, танҳо Ҳусейн Абдусамадов зинда боздошт шуд.

Наворро ин ҷо тамошо кунед:

https://www.youtube.com/watch?v=pTO6mTLmvYc&t=758s -  бо забони тоҷикӣ

https://www.youtube.com/watch?v=Xc2-Orocl1c&feature=youtu.be - бо забони англисӣ

https://www.youtube.com/watch?v=huUrbBfUpW4 - бо забони руссӣ

https://www.youtube.com/watch?v=ZGG6w1aYTM0 - бо забони арабӣ

https://www.youtube.com/watch?v=SU5jACt9Cv0&t=9s - бо забони форсӣ

https://www.youtube.com/watch?v=XH5C3VI2ElE&t=11s - бо забони узбекӣ

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: