Автор: Super User Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 3566
Печать

Рӯзи 24 январи соли 2018 иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ, боздид аз иншооти гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба водии Зарафшон ташриф овард.

 

Бо мақсади иҷрои дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон доир шуд.

Дар маҷмӯъ, 125 нафар сокинони касбу кори гуногун ҷиҳати ҳалли масъалаҳои шахсиву иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ, таъмири роҳҳо, таъмин шудан бо оби нӯшокӣ, масъалаҳои марбут ба саҳми замин, баҳси миёни хоҷагиҳои деҳқонӣ, сохтмони иншооти маорифу тандурустӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, таъсиси корхонаҳои хурди дӯзандагиву ҳунаромӯзӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, кумак барои гирифтани табобат, дарёфти кумаки моддӣ ва дигар масъалаҳо ба роҳбари вилоят муроҷиат намуданд.

Зимни баррасии муроҷиатҳои сокинон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти ноҳия ва масъулини мақомоти вилоятиро муваззаф намуд, ки барои ҳалли масъалаҳои сокинон чораандешӣ карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: