Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 2519
Печать

ДУШАНБЕ, 10.08.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Миср зери унвони «Дар бораи Ҳизби ихвонӣ, ки дар амали террористӣ даст дорад, чӣ медонед?» мавод нашр гардидааст, ки тарҷумаи онро пешкаши хонандагон менамоем:

«Бо вуҷуди ба душ гирифтани гурӯҳи террористии ДОИШ амали ахири террористиро, ки бар асари он 4 гардишгари хориҷӣ дар Тоҷикистон ба ҳалокат расид, мақомоти марбутаи Тоҷикистон нақши асосии ТТЭ ҲНИ-ро дар ин ҳодисаи террористӣ ошкор сохт.

Рӯзномаи «Times»-и бритонявӣ гузориши мақомоти амниятии ҶТ-ро ба нашр расонид, ки дар он роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар таҳрезӣ ва нақшаи ин амали террористӣ, маблағгузории афроди террористӣ, омӯзиши маҳоратҳои ҷангӣ дар Эрон ҷиҳати амалисозии ин ҳодисаи террористиро таъкид намуд.

Сомонаи «Амон» перомуни «ТТЭ ҲНИ» тадқиқот анҷом дода, маълум намуд, ки ин ҳизб бар асоси идеологияи Ҳасан Бано – таъсисдиҳандаи «Ихвон-ул-муслимин» ва Сайид Қутб – ақидасоз ва Абу Аъло ал-Мавдудӣ, ки устоди «Қутб» ба шумор меравад, барпо гардидааст.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ-ро, ки соли 1973 таъсис ёфта буд, соли 2015 ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ ворид намуда, мардумро аз пайвастшавӣ ба он манъ намуд.

Ҳизби террористӣ — экстримистии Ҳизби наҳзати исломии ихвонӣ бо кишварҳои дастгирикунандаи гурӯҳҳои террористӣ робитаи зич дошта, дар сархати ин гуна кишварҳо — Эрон ҷойгир аст. Эрон бо вуҷуди дар рӯйхати террористӣ қарор доштани ТТЭ ҲНИ, соли 2016 роҳбарияти ҳизбро меҳмоннавозӣ намуд. Кишвари дуввум Қатар аст, ки маблағгузори ҳизб буда, чандин маротиба роҳбарияти ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ дар  канали «ал-Ҷазира» бар зидди Ҳукумати Тоҷикистон баромадҳо кардааст».

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: