Автор: Суғд Ҳақиқати Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 50
Печать

Мусоҳиба бо профессор ва сиёсатмадор Иброҳим Усмонов доир ба фоҷеаи имрӯзи Афғонистон. Бо тоҷикон будани қавмҳои дигари Афғонистон ба манфиати миллии Афғонистон аст ё зарар, мавқеи кишварҳои Осиёи Миёна ба ҳолати имрӯзи Афғонистон бояд чӣ гуна бошад, барои татбиқи сиёсати миллӣ дар Афғонистон бештар аз ҳама кадом қавми ин кишвар мусоидат карда метавонад, заминаҳои инкишофи Толибон дар чист? Ва чанде аз саволњои калидии дигар аз мавзӯҳое мебошанд, ки дар ин гуфтумон матраҳ кардем. - Устоди азиз, фоҷеаи имрӯзи Афғонистонро чӣ гуна шарҳ медиҳед? - Моҳи охирро бе ҳеҷ калавиш моҳи фоҷеаи Афғонистон гуфтан мумкин аст. Аслан, мардуми Афғонистон, ҳамаи халқҳои ин кишвар, ҳам тоҷику ҳам паштуну ҳазораву ӯзбеку туркману нуристониву қавмҳои дигар муддатест, ки ба кашмакашиҳои қувваҳои гуногуни сиёсӣ банд шуда, рӯзгори бад доранд. Ман гумон мекунам, ҳадди ақал аз соли 1973 ба ин тараф дар Афғонистон як рӯзи осоишта, як рӯзи тамкин барои мардуми оддӣ мавҷуд набуд. Яъне, воқеаҳои ҳозира аз табаддулоти давлатии Довудхон сар карда, шурўъ шуданд ва дар замони ахир ба ҳадди аълои худ расиданд. - Аз нигоҳи Шумо кадом қувваҳо Толибро тақвият додаанд? - Ба назари ман он қувваҳое, ки Толибро ҳамчун қувваи сиёсӣ ба вуҷуд оварданд, аз ҷумла, ИМА ва Покистон аз соли 1996 хеле фаъолона талош доштанд, ки ин қувваро дар Афғонистон ба қудрат расонанд. Ман рости гап ба як омехтагии сиёсат бо тааҷҷуб нигоҳ мекардагӣ шудам. Сиёсат мамлакатҳои бо роҳи мустақил пешравандаи арабро, аслан Ливия, Ироқ, Сурия ва ғайраро ба ҷанг андохта, дар он ҷо қувваҳоеро ба миён овард, ки он қувваҳо аслан ба оқиб гардонидани пешрафти ҷамъиятро ифода мекунанд. Айнан ҳамин гуна воқеа имрӯз дар Афғонистон ҳам ба амал омад. Аз соли 1996 инҷониб кӯшиш мекарданд, ки як роҳе ёбанду Толибро ба сари қудрат биоранд. Толиб ба истилоҳ гӯё халқи алоҳида, миллати алоҳида ва қавми алоҳида нест, ин қувваи сиёсист. Он қувваи сиёсӣ, ки гӯё ба Ислом такя карда бошад. Ҳақиқат ин, ки ин қувваи сиёсӣ ба шиори паштунизм пайваст шудааст. Яъне, қувваи сиёсии дар таркиби худ хусусияти фашистидоштааст. Ба ин маъно қувваест, ки ба муқобили халқи дигар нигаронида шудааст. Акс: Интернет Акс: Интернет Толибонро соли 1996 як дафъа ба қудрат оварданд, аммо нашуд. Баъд онҳое, ки ин гурӯҳро ба қудрат оварда буданд, баҳона ёфта, вақте ки дар Амрико бинои дугоникро таркониданд ва гӯё ин амалро террористони афғонистонӣ, яъне, Толибон ё Давлати исломӣ анљом додаанд, амрикоиҳо дохили Афғонистон шуданд. Агар ҳамин хел аст, пас мебоист умуман ин қувваҳоро дигар ба қудрат роҳ намедоданд. Амрикоиҳо 20 сол дар Афғонистон ба он буданд, ки дар ин ҷо қувваҳои террористиро нобуд кунанд. Нагузоранд, ки ин қувваҳои террористӣ на фақат дар хориҷа, балки дар ватани худ низ ба амалҳои террористӣ машғул нашаванд. Аммо чӣ шуд? Баъди 20 сол онҳо махсус ҳамин қувваро ба қудрат оварданд. Гарчи амрикоиҳо ҳар гуна баҳонаҳо доранд, ки гӯё бар зидди ин гурӯҳҳо муборизаҳои зиёд шуд, аммо ҳолат чӣ ранг гирифт? Оқибат амрикоиҳо бехабарона Афғонистонро тарк карда, қудрату базаи ҳарбии худро бо иқтидори 86 миллиард доллар ба ихтиёри Толибон гузоштанд. - Заминаи инкишофи Толибро Шумо дар чӣ мебинед? Чаро Толиб яку якбора ба ин ҳад инкишоф ёфта тавонист? - Чанде пеш дар Аврупо як вазири корҳои хориҷиро аз кор холӣ карданд. Чаро? Барои он, ки вай боварӣ надошт, Толиб ба ин зудӣ дар Афғонистон ба ҳамаи қудрат соҳиб мешавад. Аввалин ва муҳимтарин амалњ дар ин ҷо ба назари ман ин аст, ки се соли ахир, махсусан, баъди интихоботи охирини Афғонистон онҳое, ки интихоботро гузарониданд, онҳое, ки вазъияти Афғонистонро ба тартиб овардан мехоҳанду нишон додан мехоҳанд, қувваҳои дар қудратбудаи Афғонистонро ба ҳамдигар душман карданд. Абдуллоҳ душмани Ғанӣ, Ғанӣ душмани Абдуллоҳ ва пайравонӣ Ғанӣ душмани пайравони Абдуллоҳ ва пайравони Абдуллоҳ душмани пайравони Ғанӣ ва ғайра. Ин аз як тараф. Ҳамчунин, дар байни халқҳо боз ҷангҳои кўчак андохтанд. Масалан, тоҷикони як минтақаро ба минтақаи дигар ҷанг андохтанд. Дар Афғонистон ҳатто фикре пайдо шуд, ки халқи тоҷик яклухт нест, ин халқро ба чанд қабила ҷудо карданд. Тамоми олимони дунё аз замоне, ки илм ба Шарқ рӯ овардааст, мегӯянд, ки халқи эронинажод қавм надорад. Яъне, ин халқи беқавм аст, ба халқҳо тақсим намешавад. Халқи турк ба қавмҳо тақсим мешавад. Инҳо ба муқобили ҳамаи олимони олам: амрикоӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, венгерӣ, рус, араб ва худи форс дар Афғонистон ба қавмсозӣ даст заданд. Яъне, халқро ба муқобили якдигар андохтанд ва хостанд халқро аз ҳамдигар бегона кунанд. Номи макони зисташро ҳамчун номи қавм муаррифӣ кардан хостанд. Албатта, ба ин ақли худи онҳо намерасад, вале онҳо ин корро бо маслиҳати фармондеҳони хориҷии худ амалӣ карданд. Аз ҳисоби 1 миллион нафаре, ки дар интихобот иштирок кард, Президент сохтанд ва маълум мешавад, ки ин Президент ба ғайр аз дуздӣ ба кори дигар машғул нашудааст. Тамоми матбуоти ҷаҳон навишт, ки Ғанӣ боигарии давлатро дуздиду гурехта рафт. Ӯ ҳатто ҳомиёни худро, ки нухтаи ӯ дар дасти онҳост фиреб кард. Ӯ гуфт, ки мо бо пули шумо 157 ҳазор аскар, 100 ҳазор муаллим тайёр кардем, вале имрӯз маълум гардид, ки ҳамаи ин маълумот дурӯғ будааст. Яъне, Ғанӣ бо ин роҳҳо пулҳои онҳоро аз худ кард. Ин ҳолат яке аз заминаҳое, шуд, ки вақте Толиб пайдо шуд, мардум бетафовут нигоҳ кард. Яъне, мардум фарқе байни Ғанӣ ва Толиб нагузошт ва ҳардуро ҳам дузд хонданд. Дар якуним соли ахир бо маслиҳати он аврупоиҳое, ки дар Афғонистон тартибот ҷорӣ мекарданд, бештар аз 5 ҳазор Толиб аз ҳабсхонаҳо озод карда шуданд. Аз ин озодакардашудагон ҳеҷ кадоме ба хориҷа фиристода нашуданд. Ҳеҷ кадоме аз инҳо халъи силоҳ карда нашуданд ва њамин ки замина ба вуҷуд омад, ҳамаи ин Толибони озодшуда бо яроқи худ ба муқовимат баромаданд. Бинобар ин, Толибон ин гуна барқвор дар ҳамаҷо пайдо шуданд. Толибон дар ягон ҷо давлатдор набуданд, ки барои давлатдории шикастаи худро бозпас гирифтан, омода бошанд. Ин гурӯҳ террорист буд ва террористона қудратро гирифт. Толиб ба он маъно бо ҳукумат гуфтугӯ мекард, ки онҳоро низ дар ҳукуматаш ҷо кунад. Аммо Толиб омаду пурра ҳукуматро гирифту дигар ба ҳукуматдорон иҷоза надод, ки онҳо низ дар ҳукумат бошанд. Ба ин шакл агар гирифтани ҳукумат қонунӣ бошаду онро эътироф кардан хоҳанд, ман гумон мекунам, ки ягон қонуни дунё кор немекунад. Акс: Интернет Акс: Интернет - Оё воқеаи Афғонистон ба ягон воқеаи сиёсии ҷаҳон монандӣ дорад? Дар масъалаи фашизми миллӣ дар Афғонистон чӣ назар доред? Воқеае, ки дар Афғонистон дар масъалаи фашизми миллӣ ба амал омад, ба воқеаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ба воқеаҳое, ки ба Русия дахл дорад, алоқаи зич дорад. Вазъи русҳои Украинаро тавсаввур кунем, дар ин кишвар халқи русро (аз ҷиҳати миқдор халқи дуюм буд) аз ҳарф задан бо забони модарии худ, яъне, русӣ маҳрум карданд. Украиниҳо ҳатто нишон додани филмро ба забони русӣ манъ карданд. Яъне, муқовимати Украинаи Ҷанубу Шарқӣ аз ҳамин шурӯъ шуд. Бинобар ин, Русия аз русҳои дар Украинабуда пуштибонӣ кард. Русия аз Украина ба ғайр аз он ки ба халқи худаш одамвор муносибат кунад, ҳеҷ талабе надорад. Украиниҳо бояд русҳоро дар кишварашон эҳтиром кунанд. Дар Афғонистон ҳамин гуна ҳодиса ба сари халқи тоҷик омад. Тамоми олимони дунё муътақиданд, ки аҳолии азалї, таърихї, қадимї ва бумии Афғонистон тоҷикон мебошанд. Балх макони мардуми тоҷик буд. Ҳамин мардум якҷо бо суғдиҳо адабиёти форсиро ба вуҷуд оварданд. Аввалин шоири дарбори Сомониён – Дақиқии Балхӣ буд. Аввалин шоираи адабиёти классикӣ - Робияи Балхӣ низ аз ин ҷо буд. Яъне, инҳо ҳама тоҷикон буданд. Аввалин сафири Англия дар Афғонистон менависад, ки аҳолии Кобул ҳамааш тоҷик аст. Кобул ё умуман Афғонистон то соли 1936 як забон дошт, ки он “дарӣ” буд. Ин забон он вақт забони “форсӣ” ном дошт. Аз соли 1936 забони паштунӣ ҳамчун забони дигари давлатӣ илова шуд, чун шоҳони пуштун ба сари қудрат омаданд. Ва имрӯз забони аслии мардуми аслии Афғонистон – дариро аз расмият дур карда истодаанд. Магар фашизм аз ин зиёдтар мешавад?! Магар генодсит аз ин зиёдтар мешавад?! Ин забон дар Афғонистон на танҳо забони халқи тоҷик аст, балки бо ин забон ҳамаи халқҳои Афғонистон гап мезаданд. Барои ќавми ҳазора забони дарӣ забони расмии модарӣ ба ҳисоб меравад. Дар паҳлӯи ин забони халқҳои дигари ғайрипаштун, аз ҷумла, забони ӯзбекҳо ва туркманҳоро маҳдуд карданӣ ҳастанд ва мавқеи ин халқҳоро ҳам маҳдуд кардан мехоҳанд. Агар имрӯз дар муқобили ӯзбеку туркман муносибати рӯирости душманонаи Толиб камтар эҳсос шавад, ин нишони он аст, ки Толиб нахуст дар сар фикри калонтари онҳо, яъне тоҷиконро аз байн бурдан доранд, баъдан аз байн бурдани дигар қавмҳо барояшон мушкилот надорад. Ҷиҳати сиёсии масъала ин аст, ки Толиб ҳанӯз дар тафаккури ҷоҳилона ба сар мебарад. Инҳо ин Афғонистони оқибмондаро боз ба садҳо соли дигар ба қафо бурдан мехоҳанд. Дар бораи озодии инсон умуман ва дар бораи озодии сухан, озодии зан, озодии мактабу маориф, озодии виҷдон сухани қобили пазириш надоранд. Вақте гуфтанд, ки мо сохти “Аморат” месозем ва дар асоси қонунҳои ислом зиндагӣ мекунем, озодии виҷдон вуҷуд надорад. Озодии виҷдон ин аст, ки шумо кадом мазҳаб ва кадом динро хоҳед, қабул мекунед ва агар нахоҳед қабул намекунед. Эътирози мардуми Панҷшер аз он далолат медиҳад, ки дар Афғонистон ҳеҷ гуна оромие вуҷуд надорад. Қувваҳое на фақат дар Панҷшер, балки дар саросари ин кишвар ҳастанд ва ба ин ҳолат муросо кардан намехоҳанд. Ин қувваҳо ҳанӯз дар ҳолати ташаккулёфтан ҳастанд. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақсадаш аз он иборат бошад, ки дар Афғонистон бояд оромӣ ба вуҷуд биояд, таъкид мекунам, ки оромӣ дар давлати Толибон ҳеҷ вақт намешавад. Зеро Толибонро ҳеҷ кас интихоб накардааст, ҳеҷ кас онҳоро ҳамчун намояндаи минтақаи худ, қавми худ ва дини худ пешниҳод накардааст. Чунки Афғонистон бедин набуд, ки касеи дигар дар он ҷо дине ба вуҷуд оварданаш даркор бошад. Яъне, ин як қувваи ба зӯрӣ ба сари халқ интиқолшуда аст ва ин қувва имрӯз ё фардо аз сари халқ бардошта мешавад. Агар ҷомеаи ҷаҳон бо назардошти ҳамин нукта ба масъалаи Афғонистон бештар таваҷҷӯҳ кунад, фоҷиа камтар шуда ва мушкилӣ камтар давом меёбад. - Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ва СААД баргузор гардид, ки то андозае аз раванди он огоҳ ҳастед. Гуфтушинидҳо дар мавриди Афғонистон дар доираи ин созмонҳо то чӣ андоза вазъиятро беҳтар карда метавонад? - Сардори давлати Тоҷикистон ҳам дар ҷаласаи СААД ва ҳам дар СҲШ вазъияти Афғонистонро ҷиддӣ таҳлил кард. Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар Афғонистон ба муқобили миллатҳои ғайрипаштун беадолатӣ зоҳир шуда истодааст. Бинобар ин, ин миллатҳоро дастгирӣ кардан даркор аст. Намояндагони кишварҳои дигар ҳам, аз ҷумла, Русия, Эрон, Хитой, Ҳиндустон ва Қазоқистон дар ин маврид фикрҳои худро баён карданд ва ҳама ба он фикр расиданд, ки ба корҳои дохилии Афғонистон мамлакатҳои дигар бояд дахолат накунанд. Барои татбиқи ин андешаҳо пешниҳодҳои хуб шуд, аз ҷумла, Ӯзбекистон масъала гузошт, ки шояд ин мушкилот дар яке аз ҷамъомадҳои узви СҲШ ба наздикиҳо баррасӣ шавад, то вазъияти Афғонистон ҷиддитар таҳлил ёбад. Тоҷикистон ва бархе давлатҳои дигар пешниҳод карданд, ки барои махсус омӯхтан ва тадқиқ кардани ин масъала як қуввае сохта шавад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки аз гап ба амал гузаштан даркор аст. - Дар ҷаласа маълум гардид, ки муносибати мамлакатҳои узви СҲШ ҳанӯз дар масъалаи Афғонистон ҳамсон нест. Баъзеҳо бо Толибон ҳамкорӣ ҳам доранд. - Дуруст аст, вале ман фикр мекунам, ки аксарият танҳо барои ором кардан ва ёрии гуманитарӣ расонидан ба Афғонистон бо ҳукумати имрӯзаи он ҳамкорӣ кардан мехоҳанд. Бояд гуфт, ки аз ҷониби кишварҳо дар масъалаи Афғонистон қадами қатъӣ гузошта шавад. Қадами қатъӣ ба он маъно, ки дар ҳақиқат ҳам ба кори Афғонистон ягон давлати дигар дахолат накунад. Танҳо СММ ба ин кор машғул шавад. СММ тавре, ки дар Тоҷикистон дар солҳои 90-ум бо ҷалби қувваҳои сулҳсози худ байни тарафҳо барои созиш ба вуҷуд овардан ва татбиқ кардани сулҳ ёрӣ расонд, ҳамин гуна як созмоне нисбати Афғонистон бояд таъсис диҳад, ки ҳамаи нерӯҳои сиёсии Афғонистонро дар бар гирад. Дар ин бояд созмон намояндаи ҳамаи халқҳои асосии Афғонистон ва намояндаи ҳамаи минтақаҳо бошанд, то онҳо якҷоя нишаста сӯҳбат кунанд. Дар натиҷа Толиб на ба сифати қувваи ҳукуматӣ, балки ҳамчун қувваи дигари сиёсӣ, ки дар Афғонистон аст, дар ин пуруса иштирок кунад. Яъне, ба вай на ҳамчун қувваи ҳоким, балки ҳамчун яке аз қувваҳои ҳокимиятталаб муносибат карданаш даркор аст. Агар СММ ба ин ҷо дахолат накунад ва танзими масъалаи Афғонистонро ба дӯш нагирад, пас талабгорон, зӯрҳо ва даъвогарони зиёд пайдо мешаванд. Дар шароити ҳозира ҳалли ин масъала бо роҳи зӯрӣ ё ба кори Афғонистон дахолат кардани ин ё он мамлакат, ба фоидаи ин кишвар ва ё ба фоидаи сулҳи ҷаҳонӣ намешавад. Бинобар ин, албатта, сулҳи Афғонистон даркор аст ва ба ин кор бояд СММ машғул шавад. СММ бояд ба назар гирад, ки дар Афғонистон танҳо қувваи Толиб нест. Аввал ин ки ҳукумати пештараро ба ғайр аз Толиб ҳеҷ каси дигар манъ накардааст. Гарчи президенти пештара истеъфояшро эълом кардааст, вале нафарони дигаре, аз ҷумла, ноиби Президент ҳоло аз будани худаш ва интихоб шудани худаш дарак додааст. Яъне, ин ҳукумат ҳанӯз ҳаст ва комилан сарнагун нашудааст. Ба ғайр аз ин, қувваҳои дигаре ҳастанд, ки аз поймол шудани ҳуқуқи миллатҳои ғайрипаштун садо баланд карда истодаанд. Ин ҷанг ё ҷангталабӣ нест, ин танҳо ҳимояи ҳуқуқҳои худашон аст. Ин ҳимоя он аст, ки ҳукумати доштаи онҳоро ғасб карданду ва халқро ба ин ҳол оварданд. Яъне, баъзеҳо ҳаракати миллиро дар муқобили Толиб ва ё ҳаракати панҷшериҳоро дар муқобили Толиб ба сифати ҷангҷӯӣ эълон кардан мехоҳанд, ки бофта ва сухани беасос аст. Наход талаб кардани ҳуқуқҳои худ ин ҷанг бошад! Наход тоҷиконро эътироф кунед, зеро онҳо аксарияти ин мамлакат мебошанд, гуфтан, ин ҷангталабӣ бошад! Наход мо дар шароити режими муайянкардаи Толибон зиндагӣ кардан намехоҳем, гуфтан, ин ҷангталабӣ бошад. Ин талаби озодии ҳақиқӣ аст, яъне, озодие, ки қонунҳои башарӣ инро эътироф кардаанд. Хушбахтона, мамлакатҳое низ ҳастанд, ки бо чашми нек ба ин ҳаракат нигоҳ мекунанд ва аз ин ҳаракат пуштибонӣ мекунанд. Ин ҳаракатҳо на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дар дунё ҳастанд. Ман гумон мекунам, вазифаи аввалиндараҷа он аст, ки ба ҳамин гуна қувваҳо имконият фароҳам сохтан доркор, то дар ҳалли сарнавишти ояндаи Афғонистон фаъолона иштирок кунанд. Мехоҳам як ҷузъиётро баён кунам. Сад сол пеш аз ин Амонуллохон – подшоҳи Афғонистон гарчи ӯ коммунист ё демократ набуд, мардуми ин кишварро ба роҳи озодии аврупоӣ наздик бурдан хост. Озодиҳои аврупоиро дар Афғонистон татбиқ кардан хост. Баъди сад сол қуввае пайдо шуд, ки дигар боз баргашта қафо бурдан мехоҳад. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин чиз ҳам бояд як дафъа назар дӯзад. Акс: Интернет Акс: Интернет - Ба назари Шумо кишварҳои минтақа, аз ҷумла, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи имрӯзи Афғонистон бояд чӣ гуна мавқеъ дошта бошанд? - Ман аз таҷрибаи русҳо омӯхтам, мамлакатҳои соҳибном ҳамқавмони худро дар ҳар куҷое, ки бошанд, ҳимоя мекунанд. Русия русҳоро дар ҳама ҷо ҳимоя мекунад, на танҳо дар мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, балки дар тамоми дунё. Бо андактарин вайроншавии ҳуқуқи русҳо овози қатъии Русия баланд мешавад. Ман аз ин ифтихор мекунам, ки давлати Рус халқи худро, пайвандони худро фаромӯш намекунад. Ман ҳамин гуна муносибатро аз мамлакатҳои ҳамсояи Афғонистон ҳам нигарон ҳастам. Дар Афғонистон ҳамқавмони тоҷикон, ҳамқавмони эрониҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо ва боз халқҳои дигар ҳастанд ва ин мардум на бо роҳи миллатчигӣ, на бо роҳи талоши миллӣ, балки бо роҳи оддии ҳуқуқи башар аз ҳамқавмҳои худ ҳимоя карданашон зарур аст. Ҳимояи ин қавмҳо он аст, ки ба онҳо ёрӣ расонидан даркор аст ва мавқеи онҳоро ҳимоя кардан зарур аст, то ки онҳо дар Ватани бобоии худ орому осуда зиндагӣ кунанд ва ҳама гуна ҳуқуқи инсониро, ки ҷомеаи ҷаҳонии имрӯза барои мардум муайян кардааст, соҳиб шаванд. Мамлакатҳои бузурги атроф ҳам як бор пеш аз он, ки ин ё он қувваро дастгирӣ кунанд ё дар борааш гап зананд, андеша карданашон даркор аст, ки чӣ кор кардан мехоҳанд?! Фарз кардем, оё барои Чин як гурӯҳи миллатпарастони исломии Синзиян ё Ғарби Чин сабақ нест?! Агар ба он ҷо дурусттар нигарад, симои Толибонро беҳтар мебинад, зеро ин ду чиз ба ҳамдигар хеле ва хеле наздикӣ дорад. Барои мамлакатҳои Осиёи Миёна боз чизи дигари муҳим аст. Мо дар солҳои 90-ум ҳам Тоҷикистон, ҳам Ӯзбекистон, ҳам Туркманистон ва ҳам Қирғизистон чӣ будани талошҳои исломиро дар сарзамини худ дидем. Мо мардуми кофар нестем, мо мардуми мусалмонем, вале дигарҳое пайдо шуданд, ки моро гӯё мусалмонтар карданӣ буданд ва аз он мусалмонкунандаҳо чӣ дидему ба чӣ ҳол афтидем, тамоми дунё медонад. Имрӯз ҳам, ки Толибон мардуми мусалмони Афғонистонро мусалмонтар кардан мехоҳанд, ин ҳамон ҳолатро ба ёд меорад. Агар режими Толиб фарз кардем мустаҳкамтар шавад, ба он нерӯҳои исломгарои Осиёи Миёна, ки имрӯз дар сафи ДИИШ, дар сафи худи Толиб ва дар сафи он қувваҳои дигари террористгаро шароит ба вуҷуд меорад. Ман боварӣ дорам, ки агар дар Толиб андаке қувва пайдо шавад, вай ин имкониятро барои дигар гурӯҳҳо дар сарҳадҳои кишварҳои Осиёи Мараказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон фароҳам месозад. Дар Афғонистон бояд сохти аморат не, сохти ҷумҳуриявӣ, ки халқаш ин роҳро аз соли 1973 пеш гирифтааст, инкишоф дода шавад. - Устод, шояд баъзе ашхос ва гурӯҳҳо фикр кунанд, ки хезишҳои қавмӣ, аз ҷумла хезишҳои қавмии тоҷикон дар Афғонистон гӯё хусусияти миллатгароӣ дошта бошад. Дар тӯли таърих муборизаи тоҷикон дар Афғонистон ва имрӯз барои озодӣ ва ҳуқуқҳои халқи худ буд ё хусусияти миллатгароӣ дошт? - Дар илм ду мафҳум аст, ки онро ба ҳамдигар омехта кардан даркор нест. Яке миллатпарастӣ ва дигаре миллатгароӣ. Миллатпарастиро ҳеҷ кас маҳкум ва манъ накардааст. Дӯст доштани миллат ё халқи худ ин яке аз нишонаҳои олии инсонӣ аст. Ман вақте ки Русияро дар масъалаи русҳои Украина мисол овардам, ин маллатгароӣ нест. Ин миллатпарастӣ аст. Яъне миллати худ, халқи худро дӯст доштан аст. Масалан, воқеаҳое, ки дар Испания ба амал меоянд, чаро мо онҳоро бояд ба сифати миллатгароӣ номбар кунем. Ин миллатпарастӣ ва халқи худро дӯст доштан аст. Халқи худро дӯст доштан сарҳад намехоҳад. Аммо миллатгароӣ бад аст. Миллатгароӣ нисбат ба халқи дигар боло гузоштани халқи худ аст. Кай Тоҷикистон халқи тоҷикро аз халқҳои дигар боло гузошт?! Давлати мо ин корро накард ва ҳатто намекунад. Мо талаб дорем, ки ҳуқуқи миллати мо дар Афғонистон риоя карда шавад. Агар миллатгаро мебудем, мегуфтем, ки тоҷикон соҳибони аслии Афғонистон ҳастанд ва аз ин рӯ, дигар халқҳо ин кишварро тарк кунед. Мо ин суханро ҳеҷ гоҳ нагуфтем ва нахоҳем гуфт. Мо ин корро кардан ҳам намехоҳем. Вале дидаву дониста дар пеши назари мо агар дар Афғонистон ҳуқуқу озодиҳои халқи тоҷик поймол шавад, тоҷик дар ба дар шавад, тоҷик беватан шавад, тоҷик ба хотири тоҷик буданаш қатл шавад, ором нишаста наметавонем. Ӯзбекҳо, туркманҳо ва эрониҳо ҳам ин корро карда наметавонанд. Ягон қонуни дунё миллатпарастиро манъ накардааст. Тоҷикистон талаб дорад, ки халқи тоҷик ва халқҳои дигар бояд ба ҳамон ҳадде, ки дар Афғонистон нуфуз ва эътибор доранд, ба ҳамон ҳад ба ҳукумат дастрасӣ ва ҳақи зиндагӣ кардан дошта бошанд. Ба онҳо кадом як қуввае, ки аслан онро ҳеҷ кас эътироф накардааст, ҷоҳилона омада ҳукмронӣ накунад. Ман гумон мекунам, ки ин гуна воқеаҳоро мо дар тамоми гушаҳои дунё, дар ин ё он шакл мушоҳида кардем. Масалан, дар муносибатҳои байниҳамдигарии мамлкатҳои араб, дар муносибатҳои байниҳамдигарии мамлакатҳои арабу Исроил, дар муносибати байни осетиниҳову гурҷиҳо, дар муносибати байни арманиҳову озарбойҷониҳо ин воқеаро бисёр дида ва шунидаем. Хулоса ин миллатгароӣ набуда, балки ин кӯшиши миллатпарастӣ ва ҳамдилӣ кардан ба халқи тоҷик ва ҳамнажодҳо аст. Акс: Интернет Акс: Интернет - Агар дигар қавмҳо низ ба монанди ӯзбекон, ҳазораҳо, нуристониҳо ва ғайра ба қавми тоҷик, ки нуфузи бештар доранд дар мубориза бо беадолатӣ ва бадхоҳиҳои як гурӯҳи ҷоҳталаб ҳамроҳ шаванд, то чӣ андоза хостаҳои қавмии хешро бароварда метавонанд? Яъне, канори тоҷикон будан, барои қавмҳои дигари Афғонистон хуб буда метавонад? - Таърихи худи Афғонистон гувоҳ аст, ки садсолаҳо дар Афғонистон забони дарӣ – форсӣ барои ҳамаи мардуми Афғонистон забони муҳовараи умумӣ буд. Бо ин забон мактаб мехонданд, бо ин забон кор мебурданд ва ҳеҷ вақт дар Афғонистон байни тоҷику ӯзбек, байни тоҷику туркман, байни ӯзбеку туркман, байни тоҷику ҳазора ва хулоса байни тоҷику қавмҳои дигар ҷанг ё талош ба амал наомадааст. Ҳеҷ вақт инҳо аз ҳамдигар норозӣ набуданд. Инҳо бо ҳамдигар ҳамкории доимии қавӣ доштанд. Инҳо ҳамеша дар таърих ҳамдигарро пурра мекарданд. Илова бар ин, дар замони роҳбарии Бабрак Кормал ба Афғонистон як принсипи нав ба амал омад. Бабрак Кормал ҳамчун намояндаи халқи мо (агар чунин гуфтан дуруст бошад) дар вақти дар қудрат буданаш, ба халқҳои дигари ғайрипаштуни Афғонистон имконияти бештар фароҳам сохт. Аввалани рӯзномаҳо ба забони ӯзбекӣ, туркманӣ, пашшаӣ ва забонҳои дигар дар ҳамин замон пайдо шуд, мактабҳои ӯзбекӣ ва туркманӣ таъсис ёфт. Яъне, он чизе, ки дар замони шоҳӣ набуд, Кормал дар ин замон он чизҳоро барпо кард. Аксарияти мардуми ғайрипаштун якҷо бо мардуми тоҷик буданд. Байни миллатҳои ғайрипаштуни Афғонистон антаганизми миллӣ мавҷуд нест. Онҳо ҳамдигарро ҳимоя ва дастгирӣ мекунанд. Ҳатто Эътилофи Шимол, ки қаблан буд, нишон медиҳад, ки дар он ҳамаи қавмҳо шомил шуда буданд. Ман гумон мекунам, ки барои татбиқи сиёсати миллӣ дар Афғонистон зиёдтар аз ҳам тоҷикон мусоидат карда метавонанд. Чаро? Барои он, ки ин халқ худ ҷабри миллиро аз сар гузаронид. Он халқе, ки ҷабри миллиро аз сар гузаронд, ба халқи дигар ҷабр намекунад. Барои ҳамин ман гумон мекунам, ки рақобат не, балки наздикшавии миллиятҳо ва халқиятҳои Афғонистон ба амал меояд, дар он сурат, ки ин гуна имкониятро тоҷикон дар сарзаминашон пайдо кунанд. - Аз нигоҳи Шумо ҳокимияти Толибон то ба кай хоҳад буд? - Ман рӯзу соат гуфта наметавонам. Ман ба он фикр ҳастам, ки ин ҳукумат пойдор нест, зеро поя ва реша надорад. Занбурӯғ, ки решааш нест якчанд рӯз вуҷуд дорад. Толиб реша надорад. Дуруст аст, ки Толиб афғонистонӣ мебошад, вале ин гурӯҳи афғонистонии дар давлати дигар сабақгирифта аст. Низомии Ганҷавӣ вақте дар бораи Баҳроми Чӯбина менависад, мегӯяд, ки: Он форсизодаи арабпарвард, Кори мулки аҷам натвонад кард. Ин Толибони афғонистонӣ ҳам “арабзодаанду” имрӯз ба парвариши Ғарбу Шарқи зидди Афғонистон ба ин ҷо омаданд ва бинобар ин, инҳо кори мулки Афғонистонро карда наметавонанд. Инҳо барои обод кардани Афғонистон наомаданд. Инҳо барои шикастани орзуву ғазабе, ки нисбати ҳамин давлат доштанд, омаданд. Ҳарчи ки барқасдона аст, пойдор намемонад. Гумонам бар ин аст, ки ҳукумати Толиб шояд ним сол ҳам напояд. Умеди ман бар он аст, ки мамлакатҳои воқеан ҳам лидери минтақа, пеш аз ҳама Русия сари масъалаи Афғонистон ҷиддӣ андеша мекунад ва ҳамон мавқеи қадимаи ҳақиқатхоҳии русҳо ба мо ёрдам мерасонад. - Ташаккур барои сӯҳбат. - Саломат бошед! Мусоҳиб, Мазбут Қосимов https://halva.tj/tj/articles/analytics/ibro_im_usmonov_tolib_uvvaest_ki_ba_mu_obili_khal_i_digar_nigaronida_shudaast/

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: