МАЪРЎЗАИ
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо то охири соли 2021
Муҳтарам аъзои мушовара, кормандони соҳаи телевизион ва радио,
меҳмонони гироми!
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомали Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии ҷумҳури», мулоқоти Президенти мамлакат бо намояндагони ВАО-и давлати аз 20-уми феврали соли 2019, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи ва низомномаи Кумита ба роҳ монда, дар нимсолаи якуми соли 2021 як қатор корҳоро ба анҷом расонд.
Ба Кумита дар ин давра 1090 ҳуҷҷат ворид ва 743 ҳуҷҷат содир шуда, 153 ҳуҷҷат дар барраси ва 186 ҳуҷҷат мавриди корбари қарор дорад.
Дар шашмоҳаи якум 9 ҷаласаи навбатию ѓайринавбатии мушовара бо баррасии 32 масъала ва 22 ҷаласаи назоратии назди роҳбарияти Кумита баргузор гардид, ки дар онҳо зиёда аз 400 масъала мавриди барраси ва омўзиш қарор гирифт.
Шўрои бадеии Кумита дар шашмоҳаи аввали соли ҷори бахшида ба Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврўз 28 барномаи калонҳаҷми телевизиониву радиои, филмҳои мустанад ва 47 оҳангу суруди нави ба Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Модар, ҷашни байналмилалии Наврўз, Рўзи ваҳдати милли ва ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидашударо барраси намуда, дар Шўрои таҳрир матни 41 барномаи калонҳаҷми ҷашни, филмҳои мустанад ва намоишҳо, инчунин, 55 видеоролик ва 70 шеър, ки бахшида ба ҷашҳои милливу давлати ворид шуда буданд, таҳриру такмил гардид.
Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои телевизионӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷори фаъолияти эҷодии шабакаҳои телевизионро мунтазам зери назорат қарор дод ва тибқи нақша раёсат дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита оид ба инъикоси мавзўъҳои худшиносии милли, ифтихори ватандори, шаъну шарафи шаҳрванди, ваҳдату ягонаги, сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдори, истиқлоли давлати, сохтори конститутсиони ва ҳифзи арзишҳои милли тавассути шабакаҳои телевизиони гузориш пешниҳод намуд.
Раёсати ҳамоҳангсозии барномаҳои радиои ва дастаҳои ҳунари низ барномаҳои Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он “Овози тоҷик”, “Садои Душанбе” ва “Фарҳанг”-ро пайваста назорат намуда, муваффақияту камбудии онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Раёсати истеҳсоли ва назорати техники дар нимсолаи якуми соли 2021 назорати техникии тамоми шабакаҳои давлатии телевизион ва радиоро шабонарўзи ба роҳ монда, дар ин муддат зиёда аз 8 маротиба нуқсони техникии пахши мавҷҳои радиоиро ба қайд гирифт.
Раёсати тиҷорати Кумита дар шашмоҳи соли 2021 бо 81 ташкилоту муассиса ва агентиҳои рекламави қарордоди ҳамкориро ба имзо расонда, ба суратҳисоби махсуси Кумита аз ҳисоби ташвиқу таблиѓи молу маҳсулот ҳаштсаду навад ҳазор (890000,0) сомони ба маблаѓ ворид намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 1,3% зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботи ба бахши муносибатҳои байналмилалии Кумита 104 ҳуҷҷат ворид гардид, ки 17 адади он аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 21-то аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Ҳозирини гироми!
Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавони фаъолияти телевизионҳои «Регар», «Қурѓонтеппа», «Азия», «ТВ5», «Ҳафт ситора», радиоҳои «Тироз», «Тирози ҷавони» ва Муассисаи давлатии «Суѓдсинамо» ба номи Комил Ёрматовро аз санҷиш гузаронда, иҷозатномаи онҳо аз нав ба расмият дароварда шуд. Инчунин, муроҷиати роҳбарони телевизиони ноқилии «Бадахшон», «Синамо 2017», «Мавҷи Роѓун», телевизиони АйПи «Сомон. ТВ» барраси гардид.
Ҳамин тариқ, ҳоло дар мамлакат 93 шабакаи телевизиону радио ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуали, аз ҷумла 14 телевизиону 10 радиои давлати, 34 телевизиону 21 радиои хусуси ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуали фаъолият дорад.
Дар натиҷаи назорати ҳамарўзаи барномаҳои телевизион ва радио аз ҷониби кормандони Бозраси як қатор камбудиҳо ошкор карда шуд. Аз ҷумла, дар сатри равони телевизиони “Ҷаҳоннамо” санаи 29.03.2021 аз соати 24:00 то соати 17:00 эълон оид ба қатъ намудани пахши барномаҳо ҷиҳати анҷом додани корҳои профилактики пахш гардид, аммо пахши барномаҳо қатъ нагардид ва ин эълон то рўзи 31.03.2021 идома ёфт, ки ин нишони бемасъулиятии кормандони шабака мебошад.
Инчунин, дар сатри равони шабака якчанд калима хато дарҷ гардида, пай дар пай ва такроран пахш гаштанд. Аз ҷумла, “мавриди истифода арор (қарор) доданд”, “оози (оѓози) расми бахшиданд”, “таълими-тарибави (таҷрибави), “надикбини (наздикбини)” ва ѓайра. Бояд зикр намуд, ки дар сатри равони телевизиони “Ҷаҳоннамо” ҳангоми эълони хабару намоишҳо низ хатоҳои имлои зиёд ба мушоҳида мерасад.
Санаи 09.04.2021 барномаи “1001 андеша”-и телевизиони “Синамо” ба жанри шашмақом бахшида шуда буд. Ҳол он ки барои баррасии чунин мавзўъҳо телевизиони мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз” фаъолият дорад.
Чунин камбуди баъзан дар дигар телевизионҳо низ ба мушоҳида мерасад. Масалан, санаи 23.04.2021 дар телевизиони “Ҷаҳоннамо” барномаи “Нигористон” намоиш дода шуд. Дар барномаи мазкур ду суруд пешкаши тамошобинон гардид, ки ба формати шабака мувофиқат намекунад.
Масъулини шабакаҳои телевизиони ҳангоми тарҷумаи филмҳо баъзан камаҳамияти зоҳир намуда, калимаву ибораҳоро хато ва ба ҷойи калимаю ибораҳои тоҷики алфози бегона ва кўчагиро истифода мебаранд. Масалан, санаи 26.04.2021 соати 11:30 тавассути телевизиони “Синамо” филми ҳунарии «Саргузашти дарбор» намоиш дода шуд, ки дар он калимаи «шьет»-ро «мебофад», «шахта лифта»-ро «чоҳи ангишт» ва алфози қабеҳ «сука»-ро «канчиқ» тарҷума ва нашр карданд. Қобили зикр аст, ки баъзе алфоз ва ҷумлаҳо дар филм мантиқан нодуруст тарҷума мешаванд. Ҳамчунин, санаи 05.05.2021 соати 14:40 тавассути “Телевизиони Бадахшон” филми ҳунарии “Меҳмони нохонда” намоиш дода шуд, ки дар он калимаву ибораву ҷумлаҳои лаҳҷави ва қабеҳ зиёд истифода шуда, меъёрҳои забони адаби поймол гардид. Филми мазкур аз тарафи студияи “Лейбл сомон” бо иштироки ҳунармандони ѓайрикасби, аз ҷумла Қадами Қурбон ва Алишер Равшанов ба навор гирифта шудааст. Истеҳсолкунандаи филм Акмал Ҷумъаев буда, студияи зикршуда иҷозатномаи фаъолият дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалиро ба расмият надаровардааст. Ба ҳамин монанд, санаи 21.04.2021 соати 13:38 тавассути радиои “Ховар” порча аз повести “Ишқи нотамом”-и Дориюш Раҳимзода садо дод, ки дар он рови ибораи қабеҳи “Маҳваши ҷалаб”-ро зикр кард. Истифодаи чунин алфози қабеҳ аз минбари баланди радио ба тарбияи насли наврас таъсири манфи мерасонад.
Масъалаи дигаре, ки дар шабакаҳои телевизиони ба мушоҳида мерасад, дар як вақту соат намоиш додани филмҳо мебошад. Барои мисол, санаи 15.04.2021 соати 15:57 дақиқ тариқи “Телевизиони Тоҷикистон”, шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Синамо”, “Баҳористон”, “Душанбе”, “Суѓд”, “Хатлон” ва “Кўлоб” филмҳои мустанад ва ҳунари намоиш дода шуд.
Камбудии ҷидди ва чашмрас дар фаъолияти телевизиону радиоҳои давлативу ѓайридавлати бештар нуқсонҳои техники, ба монанди қатъ гардидани пахши барномаҳо бе огоҳи, инчунин, мувофиқат накардани навор ба мавзўи барномаҳо, истифодаи такрории наворҳо дар гузоришҳо, такрори барзиёду бемавриди барномаҳо, таҳлили яктарафаи мавзўъҳо ва ҳамагони набудани мавзўи онҳо, риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлати” дар номгузории барномаҳо, пахши мустақим, суруду мусиқии ба фарҳанги мо бегона ва намоиши саҳнаҳои зуровари ва шаҳвони тавассути филмҳо мебошад.
Бо мақсади бартараф намудани камбуди ва нуқсонҳои ҷойдошта роҳбарони сохторҳои дахлдори соҳаро зарур аст, ки мунтазам чораҳои зарури андешанд.
Муҳтарам аъзои мушовара!
Дар соли 2021 «Телевизиони Тоҷикистон» бо сохтори нав ба фаъолият пардохта, дар шаш моҳ 1440 барнома таҳия ва пахш намуд, ки баробар ба беш аз 1530 соати оригинали мебошад.
Дар ин давра ҷараёни ободкориҳо ва омодагиҳо ҷиҳати таҷлили сазовор аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи модар ва Наврўзи байналмилали зиёда аз 1000 хабару гузориш, шарҳ, барнома ва филмҳо таҳия гардиданд.
Дар ин давра тарѓибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 январи соли 2021, чорабиниҳо вобаста ба эълон шудани Даҳсолаи байлалмилалии амал «Об барои рушди устувор», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми», «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиноси, дақиқ ва риёзи дар соҳаи илму маориф» муҳтавои аксари барномаҳоро ташкил медод.
Сафарҳои дохили ва хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин, вохўриву мулоқотҳояшон бо намояндагони кишварҳои хориҷи, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақави тариқи барномаҳои иттилооти саривақт манзури бинандагон гардонда шуд. Бахусус, вобаста ба нуктаҳои раҳнамунсози Паём беш аз 500 хабару гузориш, шарҳу мусоҳиба ва барнома, инчунин, доир ба 30-солагии Истиқлоли давлати, ҷашнҳои Сада, Наврўзи байналмилали ва Тиргон зиёда аз зиёда аз 1000 хабару гузориш, шарҳ, барномаҳои таҳлилию маърифати ва филмҳо таҳия ва пахш гардид.
Дар ин давра ҷадвали пахши барномаҳои «Субҳи Тоҷикистон» ба зиёда аз 60 бахшу саҳифаи нав расид. Саҳифаҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Номи зебо – ними ҳусн», «Андешаи Истиқлол», «Васфи Ватан», «Ҳунар омўз...», «Ифтихори ватандори», «Зан ва ҷомеа» фарогири мавзўъҳои гуногун мебошад, ки як қисми онҳо вобаста ба таклифу дархости тамошобинон мураттаб шудаанд.
Дар шабака баргузории даври аввали озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўѓи субҳи донои китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм -фурўѓи маърифат» дар шаҳру ноҳияҳо, инчунин, фестивалҳои ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу», «Андалеб -2021», «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», «Сад ранги чакан», «Суруди сарбоз» ва маҳфили «Ширу шакар» бо иштироки адибон дар сатҳи баланд сабт ва инъикос шуд.
Дар ин давра вобаста ба чорабиниҳои муҳими сиёси - раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъи, Хазинаи байналмилалии Наҷоти Арал ва ҳамоиши «Қалби Осиё - Раванди Истамбул» саҳми шабака кам набуд. Вобаста ба Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъи се барномаи «Меҳвар», шаш барномаи «Дар мавзўи рўз» дар шакли мизи мудаввар, ду барномаи «Раванд», се барномаи «Тафсир» дар шакли телемост, 4 ролик ва 6 гузариш манзури бинандагон шуд. Дар барномаи «Сиёсати муваффақ» робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои Ўзбекистону Қазоқистон ва ҷумҳуриҳои исломии Афѓонистону Покистон ҳамаҷониба барраси гардид.
Дар шашмоҳаи соли равон панҷ барномаи нави сиёси, ба монанди «Раванд», «Таҳаввул», «Соати парламенти», «Тоҷикистон, амният ва ҷомеа», «Меҳвар» ва “Дунявият ва давлатдории милли” рўйи кор омада, дар ин давра, дар маҷмўъ,зиёда аз 120 барномаи сиёси-таҳлили омода ва пахш карда шудааст.
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлиги, роҳҳои баланд бардоштани ҳосил ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзи, обёри ва вазъи соҳаи чорводори ҳамарўза дар барномаҳои «Агроиқтисод», «Тавсия» ва «Кишоварз» инъикос меёбад.
Дар доираи татбиқи нақша-чорабиниҳои ободонию созандаги ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлати 20 нашри барномаи «Истиқбол аз Истиқлол» таҳия гардид.
Татбиқи ҳадафи чоруми милли - саноатикунонии босуръати мамлакат ва расидан ба истиқлолияти комили энергетики дар меҳвари барномаҳои «Воқеият», «Нурофар», «Ҳадафи чорум», «Содирот», «Стандарт» ва «Технологияи муосир» қарор доштанд. Дар давраи ҳисоботи барномаҳои «Хони адаб», «Фурўѓ», «Дугонаҳо», «Вожапардоз», «Ирфон», «Андарзи ниёгон», «Эъҷози сухан» ва «Замзамаи меҳр» дар самти тарѓиби мероси фарҳангиву таърихи ва инъикоси адабиёту ҳунар саҳм гузошт.
Дар барномаи «Ирфон» аҳли адаби ҷумҳури ташаббуси маорифпарваронаи Пешвои миллатро ҷиҳати ба ҳар як хонадони ҷумҳури тақдим намудани китоби «Тоҷикон» нек арзёби намуданд.
Бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳо, омода намудани лавҳаҳо ва роликҳои тарѓиботи аз мавзеҳои хушманзараи деҳа, тарѓиби ҳунарҳои мардуми, таомҳои мардуми, ёдгориҳои таърихи, боѓу чаманзори навбунёд, иншооту иморатҳои дар айёми соҳибистиқлоли бунёдшуда ва дар маҷмўъ ошнои ба ҳаёти сокинони деҳоти дуру наздики кишвари биҳиштосоямон дар баробари намоиши «Сайёҳ» барномаҳои тозаэҷоди «Мумтоз», «Маҷро», «Сарзамини пурфайз», «Навои деҳа» ва «Хуррамзамин» рўи кор оварда шуд. Табиати Тоҷикистонро беш аз 100 лавҳа таҷассум намуд.
Идораи «Телефилм» ва дубляж дар давраи ҳисоботи беш аз 100 филмҳои илми-оммави, мустанад ва силсилаи барномаҳоро тарҷума ва дубляж намуд.
Дар давраи ҳисоботи телевизиони мусиқии «Шаҳнавоз» фарҳанги милли, бахусус сатҳу сифати санъати мусиқиву овозхониро тариқи барномаҳои «Пайванди меҳр», «Мондагор», «Истеъдод», «Набзи наво», «Шоми Шаҳнавоз» ва «Дурахшон» пешниҳоди ҳаводорони худ гардонда, аҳли ҳунари истеъдодҳои ҷавонро дар жанрҳои «Шашмақом» ва «Фалак» дарёфт ва онҳоро дар барномаҳои телевизиони ҷалб менамояд.
Ҳаёту эҷодиёти шахсиятҳои хизматнишондодаи соҳаи санъати кишвар, аз ҷумла Зиёдулло Шаҳиди, Одина Ҳошимов, Зафар Нозим, Дўстмурод Алиев, Бобоxон Азизов, Исмоил Назри, Ҳабибулло Беков, Лола Азизова ва дигарон тавассути барномаҳо пешниҳоди тамошобинон гардонда шуд. Ҳамзамон, суруду оҳангҳо, навозишу таронаҳо, клипу лавҳаҳо ва дигар жанрҳои мусиқии миллию ҷаҳони пешкаши ҳаводорон шуд.
Дар давраи ҳисоботи дар Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардиданд, ҷараёни татбиқи ҳадафи чоруми стратеги – саноатикунонии босуръат мунтазам гузориш ва барномаҳои зиёд таҳия ва манзури бинандагон гардонда шуданд.
Бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллию давлати, таҳкими ваҳдати милли, тақвияти андешаҳо, баланд бардоштани сатҳи огаҳии ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдориву устувории амнияту ваҳдати милли ва таъмини фазои солими сиёсиву мафкурави дар ҷомеа як қатор гузоришу барнома ва мизҳои мудаввар, аз ҷумла “Вожазори маони”, “Мавқеъ”, “Фарҳанги муосир”, “Нози хаёл”, “Минбари андеша”, “Толори оинаҳо”, “Инсон ва ҳуқуқ”, “Пажўҳиш” бо иштироки аҳли зиё ва дигар фаъолони ҷомеа ташкил карда шуд.
Аз ҷараёни омодагии довталабон ва муассисаҳои таълимию фарҳанги ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўѓи субҳи донои китоб аст” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм фурўѓи маърифат” ва ҷараёни даври ноҳиявии ин озмунҳо 60 гузориш омода ва пахш карда шуд. Тариқи Студияи сайёри муассиса даври ноҳиявии озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пурра сабт ва намоиш дода шуд.
Дар барномаву гузоришҳо рафти корҳои созандагиву бунёдкори дар гўшаву канори Ватани азизамон ба ифтихори ҷашни 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба инъикос карда шуданд. Барномаҳои “Замзамаи ободи”, “Тавозун”, “Ҳадаф” ва амсоли ин маҳз ба ҳамин мавзўъ бахшида шудаанд. Доир ба мавзўъ 170 гузориш таҳия ва пахш гардид.
Бо мақсади инъикоси васеи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми» нақшаи кори тартиб дода шуда, барои тарѓибу ташвиқи ҳунарҳои пухтани таомҳои милли, сангтароши, мисгари, оҳангари, заргари, чўянгари, чўбкори, баланд бардоштани сатҳи хизматрасони дар фурўдгоҳҳо, тарабхонаҳо, мавзеъҳои сайёҳи, марказҳои фарҳанги, осорхонаҳо, осоишгоҳҳо, беморхонаҳо, тарзи муошират бо мизоҷон ва ѓайраҳо тадбирҳои зарури андешида мешавад. Дар давраи ҳисоботи бештар аз 50 барнома, аз ҷумла, барномаҳои “Як анъана”, “Асолат”, “Саҳифаи таърих”, “Толори оинаҳо”, “Хони Тоҷикистон” ва “Хатсайр” доид ба ин мавзўъ омода ва пахш гардиданд.
Бахшида ба ҷашни Сада барномаҳои “Суҳбати рўз”, “Муждаи эҷод”, “Сада – мужда аз Наврўз”, Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои “Фазо”, “Мавқеъ”, “Дафтари роз”, “Роҳи ҷавонмарди”, “Ҷабҳаи ҷасорат”, “Нози хаёл”, “Замзамаи ободи”, “Фарҳанги муосир”, “Муҳофизони Ватан”, “Мегўянд, ки”, “Минбари андеша”, “Ҳомиёни Ватан” ва барномаи фарҳанги иборат аз сурудҳои ватандўстона таҳти унвони “Ватансаро”, Рўзи модар барномаҳои “Фарҳанги муосир”, “Минбари андеша”, “Нексиришт”, “Фариштаи замин”, Дунё пур аз ҷавонист”, “Олиҳа”, “Фуруѓи меҳр” ва ҷашни Наврўзи байналмилали (аз 19 то 26 март) бештар аз 20 барномаи идона, аз ҷумла барномаҳои “Як анъана”, “Паёми хуршед”, “Садои ниёгон”, “Фарҳанги муосир”, “Наврўзи Конибодом”, “Минбари андеша”, “Накҳати Наврўз”, “Паёми хуршед – Наврўзи Хуҷанд”, “Суфраи Сафина”, “Пайки Наврўз”, “Қатрае аз илм”, “Анҷумани Наврўз”, “Наврўзи Шамсиддин Шоҳин”, “Суфраи Наврўз”, “Пайки баҳор”, “Навои Наврўз”, “Наврўзи Варзоб” ва Наврўзи Файзобод” пешниҳоди бинандагон гардид.
110 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар барномаҳои “Вожазори маони”, “Фарҳанги муосир”, “Минбари андеша”, “Аз дидаҳо”, “Дар ин замона”, Достони “Ҷони ширин”, “Сайри осорхона” ва шаш ролики телевизиони бо истифода аз андешаҳои аҳли илму фарҳанги ҷумҳури инъикос гардид. Бахшида ба Рўзи Шашмақом барномаҳои “Вожазори маони”, “Хотираҳо”, “Фазо”, “Дар ин замона” ва панҷ барномаи нави консерти наворбардори ва манзури бинандагон карда шуд. Дар доираи таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бештар аз 10 барнома, аз ҷумла барномаҳои “Авранги ҷавони”, “Замзамаи ободи”, “Набзи ҷавони”, “Эй ҷавони...”, “Минбари андеша”, “Дунё пур аз ҷавонист”, “Навовар” ва “Дар ин замона” таҳия ва пахш гардиданд.
Аз 19 то 25 барогузории Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касби – “Парасту – 2021” тариқи барномаҳои иттилоотии “Навид” ва “Субҳ ба хайр, Тоҷикистон” васеъ инъикос гардид.
Дар шаш моҳ си филми бадеи дар ҳаҷми зиёда аз 45 соату 40 дақиқа, дар мавзўъҳои гуногун тарҷума ва дубляж карда шуд.
Аммо ҳастанд мушкилоте, ки барои амали гардидани нақшаҳо монеъ мешаванд. Барои ин, қабл аз ҳама омода кардани наворбардорону коргардонҳои касби, мукаммал гардонидани заминаи моддию техникии муассиса ва барои саривақту оҷилан инъикос кардани рўйдодҳои муҳими шаҳру ноҳияҳо харидории Студияи сайёри муосир лозим аст.
Ҳамзамон, мувофиқи имконият хуб мешавад, ки омода кардани мутахассисон дар хориҷи мамлакат низ ба нақша гирифта шавад.
Муассисаи давлатии “Телевизиони кўдакону наврасон – «Баҳористон» мувофиқи ҷадвали пахши барномаҳо дар нимсолаи аввал 52 номгўи намоишҳоро бо теъдоди 583 шумора пешниҳоди тамошобинон гардонд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 барнома бештар аст. Дар давраи ҳисоботи шабака 13 лоиҳаи нав, аз қабили «Суръат», «Вақти хониш», «Ҷасорат», «Аз таърихи варзиш», «Пайроҳа», «Аниси кунҷи танҳои...», «Донишвар», «Нерўманд», «Сеҳри мақом», «Эҳёи ҳунар», «Ширинак», «Нўшин» ва «Дар меҳмонии витаминҳо»-ро рўйи кор овард. Маводи аслии шабака (соати оригинали) дар қиёс бо соли гузашта 8 соат бештар гардид ва дар умум ба 568 соат баробар шуд.
Дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиноси, дақиқ ва риёзи дар соҳаи илму маориф» ҷиҳати дарёфти соҳибистеъдодони наврас ва ҷавон озмуни телевизиони эълон гардид. Нафарони ѓолиб ба ҳайси барандагони намоиши навтаъсиси «Суръат» интихоб шуданд. Аз аввали соли ҷори озмунҳои телевизионии «Донишвар» ва «Донояк» низ баргузор карда шуданд, ки мақсад аз таҳияи онҳо пайдо намудани кўдакону наврасони қобилиятнок, мусоидат ба болоравии сатҳи дониш, дўстии наврасони минтақаҳои гуногуни ҷумҳури, мустаҳкам намудани ҳамкории онҳо ва бедор намудани ҳисси муҳаббат нисбат ба дониш мебошад. Дар ин давра барои мухлисони барномаи «Бо ҳам меёбем!» озмун эълон гардид, ки дар он 200 нафар иштирок намуда, 50 нафарашон барои иштирок дар барнома номнавис гардиданд.
Айни замон 16 нафар наврасону ҷавонони фаъол бо ТВ «Баҳористон» ҳамкории доими доранд ва ба таври мунтазам барномаҳои алоҳидаи худро таҳия менамоянд. Теъдоди чунин барномаҳо ба 33 адад мерасад, ки ин беш аз 90 фисади намоишҳоро ташкил медиҳад.
Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон – «Баҳористон» дар доираи озмуни ҷумҳуриявии «Фуруѓи субҳи донои китоб аст» намоиши махсус бо номи «Аниси кунҷи танҳои...» таъсис дод. То ин дам беш аз 30 шумораи ин намоиш аз минтақаҳои гуногуни кишвар сабт ва пешниҳоди тамошобинон шуд.
Дар баробари муваффақиятҳо роҳбарияти муассисаро лозим аст, ки баҳри беҳбуд бахшидани кори шабака, бахусус иваз кардани нақлиёти хизматии шабака чораҷўи намояд.
Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» дар шаш моҳи соли равон бо истифода аз имкониятҳои техники ва савияи касбию тахассуси набзи ҷомеа, муҳимтарин рўйдодҳои дохил ва ҷаҳонро ҳамарўза ба воситаи беш аз 390 000 хабар тавассути нашри иттилооти «Хабар», пешкаши тамошобинони оинаи нилгун гардонд. Аз тариқи бахши «Дунё» беш аз 230 ҳазору 500 хабари хориҷи омодаву пешниҳод гардид.
Сафарҳои расмию кории Сардори давлат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури дар сатҳи баланди касби ва оҷилан тавассути барномаҳои «Рушд», «Дастовард», «Иқтисод», «Сипар», «Дидбон» «Маориф ва илм», «Зан ва ҷомеа», «Фарҳанг», «Хабар» пешкаши бинандагон карда шуд.
Вобаста ба нишасти нуҳуми вазирони корҳои хориҷии ҳамоиши "Қалби Осиё – раванди Истанбул" филми мустанади "Қалби Осиё" рўйи навор омад.
Ба муносибати сафари расмии Президенти Ўзбекистон ба Тоҷикистон барномаи таҳлилии "Тоҷикистон ва ҷаҳон" бо номи "Тоҷикистон ва Ўзбекистон" таҳия гашт.
Муассиса дар барномаҳои маърифати-ҳуқуқии «Прокуратура», «Додгоҳ», «Парламент», «Ҳуқуқи Шумо», «Ҷомеа ва ҷаҳон», «Мистар», «Қонун ва ҷомеа» муҳимтарин рўйдоду воқеаҳои марбути қонуният ва ҷараёни тадбики қонунҳо дар кишвар бо ҳузури кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди барраси қарор гирифт. Ҳамчунин, таи ин муддат тадбирҳои иловаги ҷиҳати таъмини риояи қонунҳои Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ҷашну маросим дар Ҷумҳури Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ва тарѓибу ташвиқи волоияти қонун 11 барномаҳои рангоранги тозаи таҳлилии «Прокуратура», 8 барномаи «Додгоҳ», 3 барномаи «Қонун ва ҷомеа», 3 барномаи «Суҳбати рўз» аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ва шарҳу андешаҳо таҳия карда шуд. Дар самти мазкур, таи ин муддат барномаи маърифати «Ҳуқуқи Шумо» 10 маротиба мустақим ва 15 маротиба такрори пахш карда шуда, ба беш аз 7 600 саволи тамошобинон посух дода шуд, ки нисбати соли гузашта 75 адад зиёд мебошад.
Кормандони эҷодию фаннии Идораи таҳлилии Муассиса дар ҷустуҷў ва эҷоди тоза буда, дар барномаиҳои сиёси-таҳлилии «Геополитика», «Дидгоҳ», «Таҳқиқ», «Нуқтаи назар», «Масъулият», «Ҷомеа ва ҷаҳон», «Ҷаҳони иртибот», «Суҳбати муҳим», «Суҳбати рўз», "Иқтисод+" рўйдоду воқеаҳои кишвар ва ҷаҳонро ба риштаи таҳлил дароварда, афкору андешаи коршиносони масоили сиёсиро оид ба ин ва ё он рўйдоди муҳими олам ҷой доданд. Барномаҳои «Рушди устувор», «Робита», «Амал», «Масири рушд», «Назари хос», «Бунёдкор», «Аз ҳар гўшаи ҷаҳон», «Тандурусти», «Оё медонед?», «Шифои комил», «Фарҳанг», «Хати сабз», «Тозанашр», «Туризм», «Кишоварз», «Маориф ва илм», «Иқтисод» ва «Набзи сайёра» "Сифат" фарогири навигариҳои соҳаҳои иҷтимои, инкишофи бахшҳои гуногуни соҳаи илм, таѓйирёбии иқлими сайёра ва дигар масъалаҳои рушди ҷомеа мебошанд.
Дар ин давра лоиҳаҳои нав бо номи «Амал», “Қонун ва ҷомеа”, "Робита", «Қадам ба қадам», «Ҷаҳони фароѓат», «Ҷониби рушд», «Пешрафт», «Соҳибшараф», "Замон", «Бозбини», «Сифат», «Телеомор», «Меҳвар», «Набзи сайёра», «Нигористон», «Дидгоҳ», «Имконият», «Асл ва хаёл», «Иқтисод+», «Замон» ва «Позитив» бо диду мавзўъҳои тоза рўи кор омаданд.
Дар баробари ин, роҳбарияти муассисаро лозим аст, ки барои таъмини фаъолияти муътадилу муназзам ҷиҳати харидори намудани таҷҳизоти сабту пахши барномаҳо, камераҳои наворбардории муосир, компютерҳои дизайну танзим, архиватор, автомашинаи сабукраву микроавтобус тадбирҳо андешад.
Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” дар нимсолаи аввали соли 2021 бо мақсади бештар ҷалб намудани тамошобинон филмҳои мустанад, бадеи, ҳуҷҷати, мултипликатсиони, барномаҳои телевизиони, гузоришҳои таҳлили, ролику лавҳаҳо, мизҳои мудаввар ва барномаҳои калонҳаҷмро таҳия намуда, манзури бинандагон намуданд.
Ба ифтихори ҷашни Наврўз, Сада, 30-солагии Истиқлоли давлати, Рўзи Артиши милли, Рўзи Модарон зиёда аз 10 филм таҳия гардиданд.
Озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурўѓи субҳи донои китоб аст” ва “Илм- фурўѓи маърифат” пайваста инъикос мешаванд.
Дар давоми шаш моҳ 20 номгўй силсилафилм тарҷума ва дар эфир пахш ггардида, 22 филми ҳунари бо зернависи тоҷики (субтитр), 11 филми мустанад бо забони тоҷики тарҷума ва дубляж карда шуда ва 11 филми аниматсионии пурмуҳтаво, ки тарѓибгари расму русуми милли, одобу ахлоқи ҳамидаи инсони мебошанд, омода ва пешниҳод гардиданд.
Маҳз мавзўъҳои синамо, театр, фарҳанг ва ҳунар ҳамеша мавриди таҳлил ва баррасии муҳаррирони барномаи “Иттилоъ” қарор доранд.
Дар давоми шаш моҳ аз тарафи шуъба 260 нашри оргиналии барномаи хабарию таҳлилии “Иттилоъ” пешниҳод гардид, ки ҳар яке дорои 5-6 гузориш мебошад. Дар маҷмуъ, 1290 гузориш омода ва пахш карда шуд.
Барномаи “Нахусттамуддунҳо” дар жанри мустанад таҳия гардида, бо иштироки донишмандон ва коршиносони соҳаҳои таърих, адабиёт ва сиёсат таҳия мегардад, ки меҳвари асосии барномаи мазкурро шинохти асолати милли ва худшиносии милли ташкил медиҳад.
Дар ин давра 26 номгўй барномаҳои муаллифи мунтазам таҳия ва манзури тамошобинон гардонда шуданд.
Бо мақсади пурра таъмин намудани кормандон бо шароити кори дар Муассиса сохтмони ҳуҷраҳои иловаги дар арафаи анҷомёби қарор дорад.
Маъмуриятро лозим аст, ки барои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти Муассиса тамоми имкониятҳо истифода ва ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта мунтазам чораҳои зарури андешанд.
Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” дар самти таъмини фазои иттилоотии мамлакат бо хабару гузориш ва барномаҳои ҷолиби варзиши нақши назаррас дорад.
Шашмоҳаи якуми соли равон барномаҳои “Вожаварз”, “Футболи тоҷик”,“Варзиш ва тиб”, “Трансфер дар амал”, “Инъикос”, “Мухлисони ашадди”, “Як гузориш”, “Саҳифаи олимпи”, “Дар шабакаҳои иҷтимои”, “Як рўзи варзишгар”, “Ситораи варзиш”,”Ифтихор”ва “Сайёраи варзиш”,”Худеем вместе” аз қабили барномаҳое мебошанд, ки пешкаши бинандагон гардонида шуданд.
Ҳамчунин, дар ин муддат кормандони идора баргузории Бозиҳои варзишии Тоҷикистонро пайгири намуда, мунтазам аз рафти мусобиқоти мухталиф дар ин доира барномаҳоро таҳти унвони “Рўзномаи бозиҳои варзиши”, ки 16 навъи варзишро дар бар мегирифт, таҳия ва пешкаши бинандагон карданд.
Бунгоҳҳои телевизиони “Варзиш” дар минтақаҳои Кўлоб, Суѓду шаҳри Бохтар ва ВМКБ дар як моҳ аз 15 то 25 хабари варзиширо пешниҳоди мухлисон менамоянд. Дар соли 2021 барои инъикоси васеъи вазъи варзиши минтақаҳои мамлакат дар вилояти Хатлон гурўҳи эҷоди таъсис дода шуд.
Бори аввал ҷараёни чемпионати мамлакат оид ба гўштини ҷудо миёни ҷавонон дар ҳаҷми 10 соату 40 дақиқа ба таври муфассал мустақиман инъикос гардид,ки ин мувафақияти эҷоди дар шашмоҳаи аввал ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон гузоришҳо аз ҷараёни баргузории мусобиқоти кишвар оид ба гўштини милли зимни таҷлили ҷашни Наврўз барои дарёфти “Ҷоми пойтахт”, ба таври муфассал мустақиман тули ду рўз ҷараён гирифт, ки дар телевизиони “Варзиш” инъикос шуданд.
Дар баробари фарогирии мусобиқотҳои дохила дар эфири телевизиони “Варзиш” пахши мустақим ва ѓайримустақими бозиҳои чемпионатҳои қораи Аврупо ба роҳ монда шудааст. Силсиламусобиқоти Федератсияи байналмилалии дзюдо моҳе то ду маротиба аз кишварҳои мухталифи сайёра мустақиман пешкаши ҳаводорони гўштини дзюдо шуданд. Ҳафтаи аз 2 то 4 маротиба рақобатҳои баскетбол, мусобиқаҳои тенниси хурд ва калон манзури мухлис гардонида мешаванд.
Муассиса дар ин давра 16 филми мустанад тарҷума ва дубляж намуд. Дар моҳи феврали соли равон аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон як адад автомошинаи навъи Mersedes sprinter ба муассиса туҳфа гардид, ки барои кори ҳайати техники ва эҷоди шароити муносибро фароҳам сохтанд.
Ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо намоянданони 35 ниҳоди идоракунандаи варзишҳои мухталиф ба роҳ монда шудааст. Дар раванди фаъолияти шашмоҳаи аввал Муассиса пахши мустақими мусобиқаҳои дохилу хориҷи мамлакатро ба роҳ монд, ки он 842 соатро дар бар мегирад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62 соат зиёд мебошад.
Дар ин баробар нарасидани утоқу компютери кори барои кормандон, танзимгоҳ барои кори хуби муҳаррирон, студия барои дубляжи филмҳои синамои, бадеи ва мустанад, инчунин ду монитори калон барои танзим то кунун ҳалли худро наёфтааст. Барои беҳбудии кор месазад, ки ҷалби кормандони боистеъдод ва мутахассисони соҳа тариқи шартнома ба роҳ монда шавад.
Ҳамкорони гироми!
14 апрели соли 2021 Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» дар вазъияти тантанави расман ба фаъолият оѓоз намуд ва ҳоло фарогирии аҳолии ҷумҳури бо барномаҳои ин шабакаи телевизиони 51,2 %-ро ташкил медиҳад.
Муассиса дар як шабонарўз 16 соат барнома пахш менамояд ва дар оянда бо фароҳам омадани шароити мусоид соати пахши барномаҳо зиёд карда мешавад.
Ҳайати эҷодиву техникии муассиса дар ин муддат фаъолияти худро дар самти инъикоси табиати зебову назаррабои минтақаҳои гуногуни дохил ва хориҷи мамлакат, дастовардҳои илмии олимони Тоҷикистону берун аз он, олами ҳайвоноти Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, тарѓиби омўзиши илмҳои риёзиву табиатшиноси, таѓйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зист ва дигар мавзўъҳои мувофиқ ба формати пахш ба роҳ монд.
Мавзўи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиноси, дақиқ ва риёзи дар соҳаи илму маориф» дар меҳвари барномаҳои муассиса қарор дошта, дар ин бора мунтазам барномаҳои «Арши илм» ва «Арса» таҳияву пахш мешаванд.
Муассиса дар давраи ҳисоботи барномаҳои «Теѓи Сино», «Сайёраи умед», «Арши илм», «Парвезан», «Арса», «Сайри кайҳон», «Дар дили санг», «Ҳайвоноти нодир», «Инсон», «Дар оѓўши табиат», «Мададгор», «Чи тавр сохта шудааст?», «Умри дубора», «Чор унсур», «Ангора» ва «Тавсия»-ро таҳия ва пахш намуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони муассиса 24 филми мустанади телевизиони дар мавзўъҳои гуногун тарҷума ва дубляж шудааст.
Дар баробари ин, филми илми-оммавии «Дастовардҳои илми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар», филмҳои мустанади «Қутби илм» (дар бораи ҳаёт ва фаъолияти илмии Абўали Ибни Сино) ва «Мояи ҳаёт» дар бораи ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» пешниҳоди бинандагон гардонида шуданд.
Дўстони азиз!
Дар нимсолаи якумми соли ҷори идораҳои телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суѓду Хатлон ва Кўлоб вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бемории сироятии COVID-19, расондани кумакҳои хайриявии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, соҳибкорону шахсони саховатпеша, рушди соҳаи маориф дар зарфи 30-соли даврони соҳибистиқлолии мамлакат, дастовардҳои соҳаҳои тандурусти, фарҳанг, роҳҳу нақлиёт, саноат, рушди соҳаи сайёҳи ва имкониятҳои он, фаъолияти соҳаи ҷавонон ва варзиш, ҷараёни сафарҳои кории Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суѓд, солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми, омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлати, озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” “Фурўғи субҳи донои китоб аст” ва “Илм - фурўғи маърифат”, воқеъбинона инъикос намудани вазъи зиндагии мардум, дарёфти муаммоҳо ва роҳи ҳалли онҳо, танқиду таҳлили камбудиҳои ҷомеа, барномаҳо таҳия ва пешниҳоди тамошобинон ва шунавандагон карданд.
Инчунин, дар доираи таҷлил Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи модар, таҷлили Наврўзи байналмилали ва Рўзи Ваҳдати милли барномаҳои идона ва гузоришҳо аз ҷараёни таҷлили ин санаҳои фархунда омода ва пахш карда шуданд.
Ҳамзамон, доир ба моҳият ва тақдими шоҳасари Бобоҷон Ѓафуров китоби «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи тоҷик, силсила барномаҳо ва гузоришҳои муффассал таҳия намуда, манзури тамошобинон гардониданд.
Риояи меъёрҳои имлои забони тоҷики дар барномаҳои телевизионии дар барномаҳо пайваста тарѓибу ташвиқ карда мешаванд.
Ҷиҳати инъикоси омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлати бошад, ҳамарўза гузоришҳо аз рафти корҳои ободони ва ҳашару шанбегиҳо пахш карда мешаванд.
Ҳамчунин ба ин муносибат дар вилояти Суѓд тасмим гирифтанд, ки аз тамоми 18 шаҳру навоҳии вилоят филмҳои мустанад омода ва пахш намоянд, ки дар давоми 30 сол минтақаҳои гуногуни ба чи дастовардҳо ноил шуданд.
Паст будани маош ва ҳаққи қалами кормандон. Дар ин бобат бояд зикр кард, ки имрўз телевизиони вилоят дар ҳаҷми 18 соат барномаҳои худро пахш менамояд, аммо воҳидҳои кори ва маблаѓгузори на дар ҳаҷми 18 соати фаъолияти мавриди амал қарор дода шуааст.
маблаѓ барои роҳкиро ва ҷои хоб дар буҷа пешбини нашудааст, ки асосан ба ҳамин сабаб мо кормандони худро барои омўзиш сафарбар карда наметавонем.
Масъалаҳои дигар ин истифодаи самараноки замин, гирифтани ду се ҳосил дар як мавсим, махсусан истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлиги аз ҷумла заминҳои президенти аз ҷониби аҳоли мебошад. Дар ин самт аз ҷониби кормандони телевизион варадиоҳои вилояти ва Кўлоб чораҷўи карда шуда, тариқи барномаҳои мухталиф мавод омода ва пахш карда шуданд.
Новобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар фаъолияти идораҳои телевизион ва радиои вилоятҳо ва телевизиони Кўлоб камбудию мушкилоти зиёди эҷодию техники мавҷуд мебошад, ки хусусияти якхела доранд. Сатҳи пасти касбияти кормандони идораҳои телевизион ва радиои болозикр, қобилияти ниҳоят сусти ҳайати эҷоди, ба андозаи зарури набудани менеҷменти идории роҳбарияти ин идораҳо, мувофиқи матлаб набудани низоми ҷобаҷогузории кадрҳо дар онҳо, ниҳоят паст будани мазмуну муҳтавои барномаҳо, сатҳи пасти тафаккури сиёси ва мафкураи миллии ходимон ва кормандони идораҳои мазкур ҳангоми таҳияи барномаҳо, хароб будани ороиш ва пасманзари студияҳо, сатҳи пасти маҳорати суханвари, барномасози ва қобилияти эҷоди, риоя нагардидани талаботи қонунгузории соҳаи телевизион, радио, забони давлати ва реклама аз ҷумлаи ин мушкилот мебошанд.
Бинобар ин, ба роҳбарияти идораҳои телевизион ва радиои ВМКБ, вилоятҳои Суѓду Хатлон ва Кўлоб дастур дода мешавад, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта, хусусан, беҳтар намудани мазмуну муҳтавои барномаҳои телевизиони ва радиои тадбирҳои зарури андешанд.
Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он «Садои Душанбе», «Фарҳанг», «Овози тоҷик» бо 8 забон – тоҷики, руси, форси, дари, англиси, ўзбеки, араби ва ҳинди силсилабарномаҳо ва гузоришҳои алоҳидаро омода ва тақдими шунавандагон намуданд.
Дар ин давра оид ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 барномаи таҳлили ва мизҳои гирд бо иштироки коршиносон таҳия гардид.
Ҳамзамон, аз ҷараёни омодаги ва таҷлили ҷашнҳои таърихию касби ва рафти корҳои ободони, ниҳолшинони, киштукор, таъмиру омодаги ба обрасонии киштзорон шарҳу гузориш аз соири манотиқи кишвар дар пешниҳоди мухбирони минтақави садо доданд.
Доир ба мавзўи терроризм ва таҳдиду хатари он ба ҷомеаи ҷаҳони, ифротгарои, хурофотпарасти ва фаъолияти абарқудратҳо дар минтақа ва ҷаҳон беш аз 30 барнома аз ҷониби ҳайати эҷодии идора таҳия шудааст.
Доир ба омодагиҳои соҳаҳои гуногун ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлати, дастовардҳои замони соҳибистқлоли ва дигар корҳои ободониву хуррамгардони силсилабарномаи “Хуррамдиёр” ва “ Си авроқи рангин” дар ҳошияи сиёсати давлатии ҷавонон, аз байн бурдани тамоюли бегонапарасти, ҷилавгири аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои, вайроншавии оилаҳои ҷавон ва хушунату зуровари дар оила, пешгирии никоҳи хешутабори наздик ва оқибатхои он, ҷалби духтарон ба таҳсил ва ҳунаромўзи, арҷгузори ба фарҳангу маданияти ҳазорсола, тарѓиби либоси милли, бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳии ҷавонон, ба ҷойи кори доими таъмин намудани ҷавонон дар шаҳру навоҳии дурдаст, роҷеъ ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми”, вобаста ба солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиноси, дақиқ ва риёзи дар соҳаи илму маориф”, инчунин баргузории даври минтақавии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўѓи субҳи донои китоб аст ”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Илм -фурўѓи маърифат” ва ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани забони тоҷики аз ҳаргуна хавфу хатарҳои замони муосир ва бархурди тамаддунҳо барномаҳо бо иштироки коршиносони соҳа дар ҳаҷми 11040 дақиқа таҳия ва пахш намуданд.
Ҳамчунин дар ин давра маҳфили “Ширу шакар”, ки бо иқдоми Сарвари давлат роҳандози гардида буд, дар барномаи “Аз табори хуршед”(24 нашр) инъикос ёфт.
Шабакаи “Садои Душанбе” дар ҳамин давра беш аз 2500 хабар, 850 гузориш ва 1200 барномаро пешниҳоди шунаванда гардонид.
Ҳамчунин 7 барномаи идонаи “Сада сад раҳ кушояд сўйи Наврўз”, “Артиш сипари боэътимоди Ватан”, “Модар фаришта буд”, “Наврўз расида аз бостон”, “Муъҷизаи савту наво”, “Дунё пур аз ҷавонист” ва “Ваҳдат саодат аст” садо доданд.
Дар партави ҳамкории судманди Кумита ва Агентии нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи нав таҳти унвони “Аз ҳавас то фоҷеа” дар шабака роҳандози кард, ки дар давраи ҳисоботи 3 нашри он дар ҳаҷми 90 дақиқа садо дод.
Вобаста ба тамоми чорабиниҳое, ки дар кишвар таҷлил карда шуд, зиёда аз 50-ролики тарѓиботии нав омода ва пешниҳоди шунавандагон гардониданд.
Моҳияти асосии барномаҳои шабакаи «Фарҳанг»-ро тарѓиби сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Дар давоми шаш моҳи гузашта 720 барномаи оригинали дар ҳаҷми 21 000 дақиқа омода намуданд, ки дар меҳвари барномаҳо омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми», ҷашнҳои милли, аз қабили Сада, Наврўз ва зодрўзи бузургони илму адаб, фарҳанги милли, худшиносии ҷавонон, рушди маориф ва илм, ободонии деҳот ва забони модари қарор дошт.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 тавассути шабакаи «Овози тоҷик» бо 8 забон дар ҳаҷми беш аз 900 барнома(18000 дақиқа) дар ҳошияи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастрасии бештари шунавандагони бурунмарзи ба шиносоии бештар аз вазъи иқтисоди, фарҳанги, иҷтимои, таъриху фарҳанг ва мавзеъҳои сайёҳии кишвар матраҳ гардид.
Ҳамчунин мавзўи муносибатҳои дипломатии кишвари мо бо мамолики дуру наздик аз мавзўъҳои меҳварии барномаҳои шабакаи “Овози тоҷик” мебошад. Вобаста ба ин мавзўъ беш аз 150 барнома омода ва пешниҳод шудааст.
Сабти силсилаи хонишҳои бадеи ва суруду мусиқи дар ин давра хазинаи силсилаи хониши бадеии радио бо 172 гуфтори нав ѓани карда шуд. Инчунин дар ин давра аз сўи студияи сабти овоз 132 суруд ва мусиқи сабту ба хазинаи тиллоии радио супорида шудаанд.
Инчунин дар ин давра якчанд лоиҳаи барномаҳои нав-«Шаҳристон», «Наврас», «Сиришт», «Номварони миллат», «Ҳазлнюш», «Ганҷинаи ҳасти”, «Амвоҷи ҳунар» рўйи кор омаданд, ки барои беҳтар кардани сифати барномаҳо мусоидат карданд.
То имрўз дар сомонаи Радиои Тоҷикистон-950 матлаб, дар «Садои Душанбе»-840, дар сомонаи шабакаи «Овози тоҷик» бо ҳашт забон-750, дар сомонаи шабакаи «Фарҳанг»-470 мавод нашр шудаанд. Аксари онҳо навиштаву матолиби гуногунформати муаллифи мебошанд. Ба ҳисоби миёна ҳамарўза дар сомонаҳои мазкур аз 5 то 13 хабару гузоришҳои тоза ба нашр расиданд.
Ҳамчунин дар баробари бо маводи зарури таъмин намудани сомонаҳои зертобеаш ба тақвият бахшидани маводи чандрасонаи, мисли гузоришҳои видеои, савти, тасвири ва пахши мустақими чорабиниҳо тариқи шабакаҳои иҷтимои мусоидат намуд.
Гузашта аз ин дар самти пахши онлайнии барномаҳо беш аз 20 нишасти матбуоти тавассути шабакаи Facebook (фейсбук) онлайн пахш гардид, ки ҳар якеро дар як вақт аз 4 ҳазор то ба 16 ҳазор тамошо карданд.
Ин боиси он гардид, ки тибқи назарсанҷии Ташкилоти ҷамъияти “Хома” Радиои Тоҷикистон дар қатори 5 расонаи фаъоли инъикоскунандаи нишастҳои матбуоти ворид гардид.
То кунун Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Инстаграм, Вконтакте, Твитер ва Телеграм саҳифаҳои расми дошта, дар видеопортали Ютуб каналҳои алоҳида боз гардидаанд.
Дар давраи ҳисоботи ба почтаи электронии Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он 21 мактуб аз кишварҳои ИМА, Русия, Тунис, Олмон, Афѓонистон, Покистон, Эрон, Люксембург, Ҳиндустон, Канада ва Аргентина ворид гардид.
Ҳамчунин, дар ин давра Радиои Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ҷоизаи “Радиои сол” мукофотонида шуд.
ҶСК «Телерадиоком» дар ин муддат бо таҷҳизоти пурқудрати пахши шабакаҳои телевизиони 667 ҳазору 982 соат фаъолият карда, таҷҳизоти камқудрати пахши телевизиони бошад 4 071 055 соатро ташкил додааст.
Воситаҳои техникии пахши шабакаҳои радиошунавони дар ин давра 375 575 соат хизматрасони кардаанд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком» барои интиқол додани мавҷ аз телевизиони «Илм ва табиат» то Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии №1 хати нури нахии навъи ОК24-ро бо дарозии 4 ҳазор метр кашонда, онро ба истифода дод.
Инчунин, барои пахши барномаҳои телевизиони «Илм ва табиат» 3 фиристандаи рақамиро дар шаҳри Душанбе дар канали 42 бо иқтидори 3200 Вт, дар маҳали Ташроботи вилояти Хатлон дар канали 36 бо иқтидори 1250 Вт ва дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суѓд дар канали 41 бо иқтидори 1250 Вт насб намуд. Интихоби макони насби фиристандаҳои мазкур дар ин минтақаҳо аз сабаби сераҳоли ва дар ҳамвори ҷойгир буданашон бартарият дошта, фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши телевизиони «Илм ва табиат» 51,2%-ро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ дар маҳали Нефтеободи ноҳияи Исфара ва дар маркази ноҳияи Ванҷи ВМКБ барои пахши барномаҳои радиои “Садои Душанбе” фирситандаҳои FM насб ва ба истифода дода шуд, ки қаблан дар ин минтақаҳо барномаҳои радиои мазкур пахш намегардид. Дар натиҷа зиёда аз 222 000 нафар сокинони ин минтақа бо барномаҳои радиои “Садои Душанбе” фарогир шуданд. Ин нишондод боис гардид, ки фоизи фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои радиои “Садои Душанбе” дар сатҳи ҷумруҳӣ аз 65,8%-и қаблӣ ба 68,22% расонида шуд.
Дар назар аст, ки дар доираи иҷрои марҳилаи дуюми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақами дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» дар соли 2021 24 адад фиристандаҳои гуногуниқтидор дар маркази шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Спитамен, Шаҳристон, Сангвор ва маҳалҳои Ашти поёни ноҳияи Ашт, Навдонаки ноҳияи Рашт, Хундара ва Қашқараки ноҳияи Файзобод, Сангтудаи ноҳияи Данѓара, Пушёни миёнаи ноҳияи Восеъ, Кулдараи ноҳияи Ховалинг, Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, Колхозчиёни шаҳри Панҷакент, Росторвути ноҳияи Деваштич, Зуманди ноҳияи Варзоб, Купрукбошии ноҳияи Лахш, Кўҳсори шаҳри Турсунзода, Хумдони ноҳияи Нуробод, Мун ва Сучони ноҳияи Шуѓнон, Шуҷанди ноҳияи Рушон, Теми шаҳри Хоруѓ, Техарви ноҳияи Ванҷ ва Туябиёни ноҳияи Темурмалик насб карда шаванд.
Айни ҳол фарогирии пахши барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизиони дар пахши рақами ба 72% баробар буда, баъди насби фиристандаҳо дар маҳалҳои зикршуда фарогирии аҳолии ҷумҳури бо пахши барномаҳои телевизиони рақами то анҷоми соли 2021 ба 78,5% расонида мешаванд.
Барои бо сифат ташкил кардани пахшҳои мустақим аз дилхоҳ макони баргузории чорабиниҳо нақлиёти тамғаи Мерседес Спринтер харидори шуда, аз ҷониби мутахассисони Ҷамъият дастгоҳҳои пахшкунандаи моҳвораӣ дар он насб карда шуданд.
Дар ин давра мутахассисони Ҷамъият сари вақт интиқоли навору гузоришҳои телевизиониро аз ҷараёни сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суѓду Хатлон ва сафари Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Исломии Покистон тавассути махзани - FTP саривақт ва босифат таъмин намуд, ки кормандони шабакаҳои телевизион ва радиоҳои давлати аз он пурра истифода карданд.
Ҷамъият рангубори манораи Марказии шаҳри Душанберо бо баландии 198 метр оѓоз кардааст, ки моҳи июли соли ҷори ба анҷом расонида мешавад. Инчунин, дар ин муддат Ҷамъият коргоҳи хурд барои истеҳсоли маводи сохтмонии родбанд, шпаклёвка, ширеш барои кафел ва коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикиро таъсис дода, маҳсулоти истеҳсолшаванда барои эҳтиёҷоти истеҳсолии корхона ва анҷом додани корҳои таъмири ва азнавсоии марказҳои интиқоли мавҷҳои телевизиони, радиои ва истгоҳҳои радиотелевизиони истифода мегардад.
Дар ин давра 218 адад фиристандаҳои телевизиони ва радиои таъмир ва 92 адад дастгоҳҳои антеннию фидери танзим карда шуданд.
Таҳлилҳо нишон дод, ки аксари биноҳои техники ва ёрирасони истгоҳҳои радиотелевизиони ба таъмири ҷори ва капитали, инчунин манораҳо, ки барои пахши барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиои давлати хизмат мерасонанд ба рангубори навбати эҳтиёҷ доранд.
Гуфтан ба маврид аст, ки истгоҳҳои радиотелевизиони дар ноҳияҳои Данѓара, Ховалинг, Фархор, Қабодиён, Шаҳритус, Тоҷикобод ва Лахш, Ҷамъият барои маҳкам кардани гирду атрофи истгоҳҳои радиотелевизиони чораҳои таъхирнопазир андешида, марҳила ба марҳила ҳудуди онҳоро бо панҷараҳои оҳанин маҳкам карда истодааст.
Ҳангоми боздид аз шаҳру навоҳии минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт муайян гардид, ки фарогири ва пахши барномаҳои шабакаҳои радиои беҳбудиро талаб менамоянд. Чунки аз 4 шабакаи радиои давлати дар баъзе минтақаҳои мазкур пахши 4 шабака ва ҷойи дигар пахши 2 ва 1 шабакаи радиои ба роҳ монда шудааст. Аз ин хотир, зарурат ба миён омадааст, ки барои пурра таъмин кардани аҳоли ба пахши барномаҳои радиоҳои давлати дар тамоми қаламрави ҷумҳури Барномаи давлати қабул карда шавад.
Ҳолати таъмирталаб будани истгоҳҳои радиотелевизиониро ба назар гирифта, Ҷамъият барои азнавсозии онҳо нақша тартиб дод. Айни ҳол корҳои таъмири ва азнавсози дар истгоҳи радиотелевизионии ноҳияи Қабодиён оѓоз гардидааст. Инчунин, таъмиру азнавсозии даромадгоҳ, хонаи посбонон, биноҳои техники ва меҳмонхонаҳои Маркази радиоии №5-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхи, Маркази радиоии №1-и ноҳияи Рудаки ва Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии №2-и шаҳри Хуҷанд шуруъ шудааст.
Дар нақша аст, ки то охири соли ҷори аз Марказҳои интиқоли мавҷҳои радио ва телевизионии Суѓду ВМКБ ва истгоҳҳои радиотелевизионии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои зикршуда сафарҳои кори анҷом дода шавад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди кории кормандон зарурат ба миён омад, ки саридора ва шуъбаву сехҳои Ҷамъиятро дар як ҳудуди идора ҷамъ намоем. Бинобар ин, дар ин муддат барои ҷойгир намудани кормандони сехи таъмир ва такмил, сехи нақлиёти, шуъбаи назорати пахши барномаҳои радиои ва гурўҳи сохтмончиён 13 утоқ сохта шуда, аз таъмири капитали бароварда шуданд.
Дар ин давра Оинномаи Ҷамъият, ҷадвали воҳидҳои кори, низомномаву дастурамали кормандони раёсату шуъба ва сехҳо дар таҳрири нав қабул карда шуданд.
Инчунин, аз ҳисоби бастҳои холии Саридора шуъбаи байналмилали ва шуъбаи иттилооти - коммуникатсияони ташкил карда шуда, аз ҳисоби кормандони Ҷамъият, ки ихтисосашон ба ваколатҳои шуъбаҳои навтаъсис мувофиқат мекунад, ба кор қабул карда шуданд.
Ҳамзамон, кормандони ҳайати техники, хоҷагидор, фаррошон, гурўҳи сохтмончиён бо либоси махсуси ягонаи кори таъмин гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ роҳбарият ва мутахассисони Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳурияви Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабинии «Шоми Дўсти» ва дигар чорабиниҳои муҳими сиёси, ҷашну идҳои милливу давлатиро сабту танзим намуда, бо сифати баланд пахш намуданд.
Дар доираи корҳои бунёдкорию-сохтмони дар бинои Маркази техникӣ таъмири утоқҳои кории муҳофизон ва кормандони сехи нақлиёти бо муҳайё намудани шароити кори ба анҷом расонида шуданд. Инчунин таъмири ҷории тагхонаи бинои «Телевизиони Тоҷикистон» ба роҳ монда шуда, қубурҳои оби хунук ва ҷумакҳои оташнишонии бинои мазкур пурра иваз гардиданд. Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузори ҷиҳати аз нав таҳия намудани шиносномаи техникии бинои Маркази техники ва Хонаи Радио бо идораҳои дахлдори давлати ҳамкори ба роҳ монда шуда, кор дар ин самт идома дорад.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар гаштани сатҳу сифати кори соҳа роҳбарияти Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявиро зарур аст, ки:
- барои иваз намудани таҷҳизоти маркази пахши барномаҳо, дастгоҳҳои наворбардори ва таъмини бинои кории ТМТ «Шаҳнавоз» ва телевизиони “Сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” чораҳои зарури андешад.
- дар ҳамкори бо идораҳои дахлдори давлати шиносномаи техникии бинои маркази техники ва Хонаи радиоро аз нав таҳия намояд.
Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи соли як қатор машғулияту семинар, омӯзиши афкори оммаву ҳамоишҳоро доир намуд.
Аз ҷумла, барои мудирони шуъбаҳои кадрии шабакаҳои телевизион ва радио 20 январи 2021 дарси маҳоратро бахшида ба коргузорӣ доир намуд.
Ҳамзамон рӯзи 28 январ бо иштироки нависанда, узви итиффоқи журналистони Тоҷикистон Маҷид Салим вохӯрӣ бо кормандон ва донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ ва бахшҳои журналистикаи донишкадаҳо доир гардид.
Дар асоси мактуби идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон машғулияти омӯзишӣ дар мавзуи “Таҳияи гузоришҳои хабарӣ” бо иштироки омузгорон аз 15 феврал то 22 феврал гузаронида ба 15 нафар иштирокчиёни ин машғулияти омӯзишӣ Шаҳодатномаи Академияи ВАО-и Тоҷикистон супорида шуд .
Мутаассифона, таҳлилҳое, ки гузаронида мешаванд, нишон медиҳанд, ки ҳанӯз бисёри кормандони эҷодӣ, хусусан журналистон, зери дастурҳои роҳбарони худ ҳамон шакли куҳнаи гузоришҳои хабариро идома дода истодаанд.
Барои додани маълумоти амиқ оид ба ҷашнҳо ба намояндагони васоити ахбори омма, дарси маҳоратро 09.02.2021 бо директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Раҳимӣ доир гардонд.
Аз санаи 22 то 26 феврали соли 2021 машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи «Технологияи муосири истифодаи садо»-ро барои коргардонҳои овоз ва танзимгарони барномаҳои телевизион ва радио баргузор намуд, ки дар он 20 нафар аз шабакаҳои телевизиону радиои давлатӣ ва 2 нафар аз шабакаҳои мустақили радиои иштирок намуданд, ки аз инҳо 17 нафар барои гирифтани Сертификати Академияи ВАО пешниҳод шуданд.
Аз 5-уми апрел то 9-уми апрели соли 2021 курси махсус барои пардозгарони шабакаҳои телевизионҳо гузаронида шуд. Вале бо сабабҳои гуногун идораи телевизионҳои вилояти Хатлон, Суғд, ВМКБ ва телевизиони Кӯлоб намояндагони худро ба машғулияти омӯзишӣ нафиристонданд. Машғулияти омӯзишӣ бо иштироки 8 нафар пардозгарони телевизион гузаронида шуда, ҳамаи онҳо соҳиби Шаҳодатномаи Академияи ВАО - Тоҷикистон гардиданд.
Гурўҳи кори рўзҳои 17.05.2021 то 26.05.2021 ва аз 7.06 то 13 июн кормандони барои муайян намудани мавқеи шаҳрвандон нисбати фаъолияти шабакаҳои радиоию телевизионӣ, оҷонсиҳо ва нашрияҳои кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарор доштанд.
Дар моҳи январ мониторинги сомонаҳои 12 нашрияҳои расмӣ ва хусусӣ: “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Народная газета”, “Халқ овозӣ”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Омӯзгор”, “Адабиёт ва санъат”, “Фараж”, “Азия плюс”, “СССР” ва маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” гузаронда шуд. Аз 12 нашрияи мавриди таҳқиқ қарор гирифта, маълум гардид, ки сайти рӯзномаи “Фараж” дастнорас аст. Сомонаи фаъолтарин аз нашрияи расмии “Садои мардум” ва рӯзномаи “Азия плюс” мебошанд, ки ҳамарӯза дар саҳифаҳои онҳо матолиби нав нашр мешаванд. Дар баробари ин саҳифаи фейсбукии “Азия плюс” аз серхонандатарин ба ҳисоб меравад. Саҳифаи фейсбукии нашрияи “Народная газета” бошад, хонандаи зиёд надорад. Натиҷаи ин мониторинг ба роҳбарияти муассиса пешниҳод карда мешавад.
Моҳи феврал назарсанҷӣ ҷиҳати муайян намудани мавқеи сокинон оид ба муҳтавои барномаҳои “Телевизиони Тоҷикистон” иштирок намуданд.
Давоми се рӯз дар машғулияти омӯзишии “Нашрияҳои маҳаллӣ: имконият ва воқеият” 33 нафар сармуҳаррир ва суратгирони нашрияҳои минтақаи вилояти Хатлон иштирок карданд. Аз ин ба 29 нафари онҳо шаҳодатнома (сертификат) супорида шуд. Машғулият ба шакли озод сурат гирифта, табодули таҷриба ва назар карда шуд.
Дар моҳи май соли 2021 машғулияти омӯзиширо дар мавзӯи “Маҳорати аксбардорӣ” бо иштироки Заур Дахте баргузор намуд. Машѓулият ба таври назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуда, иштирокчиён оид ба таърихи пайдоиш ва ва дигар нозукиҳои касби аккосӣ маълумот гирифтанд.
Умуман, дар шаш моҳи соли ҷори 8-то машғулияти омӯзишӣ, 3 ҳамоиш ва 2 назарсанҷӣ гузаронида шуд. Дар машғулиятҳои омӯзишӣ ҳамагӣ 107 нафар иштирок намуда, аз он 96 нафар шаҳодатномаи Академияи ВАО-ро гирифтанд.
Назарсанҷӣ барои телевизиони “Тоҷикистон” дар моҳи феврал дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи марказ ва дувум моҳи май-июн дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо теъдоди 3060 нафар гузаронида шуд.
Гузаронидани назарсанҷиҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳанӯз дар кори расонаҳо камбудиҳо аз нигоҳи эҷодӣ ба назар мерасанд. Боиси хурсандист,ки бо истифода аз технологияи ҳозиразамон мардум аз шабакаҳои интернетӣ ба маротиб зиёд шудааст. Истифода аз сомонаҳои расонаҳо ва хондани рӯзномаҳо бевосита аз худи сомонаи онҳо аз ин шаҳодат медиҳад. Дастрасӣ ба рузномаҳои хусусӣ дар ҷумҳурӣ хело коста шудааст ва дӯконҳои фурӯши нашрияҳо дар шаҳру ноҳияҳо қариб, ки нест.
Дустони азиз!
Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунари ва мусиқи барои барномаҳои телевизион ва радио бахшида ба солгарди иду ҷашнҳо, ташрифи меҳмонони олиқадр ва чорабиниҳои муҳими сиёсию фарҳанги барномаҳои пурмўҳтавои фарҳанги омода ва баргузор намуд.
Гурўҳҳои ҳунарии Кумита дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии щаҳри Душанбе, вазорату кумитаҳои марбута барномаҳои консертиро бахшида ба «Рўзи пойтахт», Рўзи ҷавонони Тоҷикистон, иқдоми «Шабе дар осорхона» бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, 110 - солагии комозитор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Шаҳобов, фестивалҳои «Чакомаи гесў», «Сад ранги чакан», «Ҳунар беҳтар аз зар бувад», барномаи ҳунарии «Ҷовидон бод ҷавони ва ҷавонон» ва озмуни «Кандакори, гаҷкори ва кундалнигори» барои сокинони пойтахт пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, бахшида ба эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳод -2021 ва «Рўзи Шашмақом» дар амфитеатри боѓи фарҳанги-фароѓатии ба номи Абулқосим Фирдавси барномаи пурмўҳтавои ансамбли давлатии «Шашмақом» пешниҳоди сокинони пойтахт гардид.
Дар ин зимн, гурўҳҳои ҳунари 3 барномаи консертиро барои кормандони Кумита бахшида ба «Рўзи Модар», Наврўзи байналмилали ва 91-солагии Радиои Тоҷикистон баргузор намуданд.
Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 20 марти соли ҷори дар толорҳои консертии шаҳри Душанбе маҳфилҳои шеъру суруд бо иштироки адибону ҳунармандон пешбини гардида, дар ин зимн, ҳунармандони гурўҳҳои ҳунарии Кумита дар маҳфилҳои адибон Давлат Сафар, Камол Насрулло, Рустам Ваҳҳобзода ва Низом Қосим ширкат намуданд.
Ҳамзамон, ба ифтихори ҷашни Наврўзи байналмилали 4 барномаи нави ҳунармандони Кумита иборат аз 21 суруду мусиқи ва ҷашни «Ваҳдати милли» 44 суруду мусиқи дар шабакаҳои марказии телевизион сабт гардиданд.
Дар давраи ҳисоботи озмуни «Навои Истиқлол» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, он 12 марти соли ҷори ҷамъбаст гардид.
Аз асарҳои ба кумитаи тадорукоти озмун воридгардида 19 асари мусиқиаш ба барномаи театрикунодидашудаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 асари мусиқи ба барномаи консерти ба ифтихори 28-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.
Дар даври ниҳоии озмун 20 асари мусиқи қабул гардид. Аз 10 нафар ѓолибон 7 нафар ҷойҳои ифтихориро аҳли эҷоди Кумита соҳиб гардиданд. Зимнан, асарҳои қабулгардида ба ҳамаи барномаҳои ҷашни дар мувофиқа бо масъулони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд.
Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботи Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов 55 суруду оҳанг, аз ҷумла, 25 суруд барои фонди радио, 30 суруду оҳанг дар шабакаҳои телевизиони, Ансамбли давлатии «Фалак» 49 суруду оҳанг, аз ҷумла, 16 суруду оҳанг барои фонди радио, 33 суруду оҳанг дар шабакаҳои телевизиони, ансамбли «Дарё» 48 суруду оҳанг, аз ҷумла 18 суруду оҳанг барои фонди радио, 30 суруду оҳанг дар шабакаҳои телевизиони ва ансамбли эстрадии «Ориё» 28 суруду оҳанг, аз ҷумла, 14 суруду оҳангро барои фонди радио, 14 суруду оҳангро дар шабакаҳои телевизиони сабт намуда, ансамбли рақсии «Гулрез» 18 рақси навро саҳнави гардонд.
Дар умум, дар давраи ҳисоботи нақшаи репертуари пурра иҷро гардида, 178 суруду оҳанги нав барои фонди радио сабт гардида, 35 суруду нав барои сабт омода шуд, 213 суруду оҳанг ва рақс (195 суруд ва 6 рақс) барои Фонди телевизион сабт гардид.
Теъдоди умумии суруду оҳангҳои нави гурўҳҳои Кумита дар давраи ҳисоботи 213 ададро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 (79 суруду оҳанг ва 14 рақс) 116 асари мусиқи ва 4 рақс зиёд мебошад.
Роҳбарияти Маъмурияти ҷалби дастаҳои ҳунариро зарур аст, ки минбаъд:
- ҷиҳати дар сатҳи баланд омода намудани барномаҳои фарҳанги дар доираи баргузории чорабиниҳои давлати тадбирҳои саривақти андешад;
- бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави ҳунар ва истеъдодҳои нодир ҳамчун муассисаи базавии иҷрокунандаги ва таълими тавсеа дода шавад.
Ба хазинаи навори видеои ва филмҳои Бойгонии Кумитаи телевизион ва радио дар давраи ҳисоботи 9 маводи мукаммал ва навори намоишҳои идона, вохўри ва суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ворид шудааст. Ҳамчунин, 338 номгўйи барнома ва филмҳои телевизиони дар шакли электорони ба хазина супорида шудааст.
Дар шаш моҳ маводи 140 фитта аз формати DVCam ва 75 фитта аз формати SP ба рақами (ба компютер) гузаронда шуд. Феҳристи 1479 маводи телевизиони тартиб дода шуда, 2403 мавод муқовабанди ва ба феҳристи 3731 мавод ислоҳ ворид гардид.
Ба хазинаи сабти овоз бошад, дар ин давра 2177 барнома дар таҳия ва пешниҳоди гурўҳҳои эҷодии шабакаҳои радиоии кумита ворид карда шуд, ки бештар маводи таҳиянамудаи кормандони Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он, махсусан Радиои Тоҷикистон ва “Фарҳанг”-ро дар солҳои 2018 – 2020-ум дар бар мегиранд. Аз силсилаи хонишҳои бадеи ва адаби дар ин давра 362 гуфтор, аз ҷумла аз рўйи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон “Уфуқҳои истиқлол” ва “Забони миллат – ҳастии миллат” (китоби дуввум) 83 гуфтор баробар ба 41 соат, аз рўйи асари сегонаи Ҷалол Икроми “Духтари оташ”, “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”, “Тахти вожгун” 162 гуфтор баробар ба 81 соат ва аз рўйи Девони Камоли Хуҷанди 117 гуфтор баробар ба 39 соат ворид гардид.
4680 суруду оҳанг ва асарҳои мусиқии ҷаҳони аз эҷодиёти П. И. Чайковский, Мусоргский, Шопен, Шуберт, Гендел, Л. И. Бетховен, В. А. Мотсарт, Г. Свиридов, Клод Дибюсси ва дигарон, ки қимати баланди бадеи доранд, аз лентаҳои магнитӣ ба рақами баргардон ва дар рафҳои хазинаи мусиқи ҷойгир карда шуданд.
Аз тарафи студияи сабти овози идораи барномаҳои мусиқии Радиои Тоҷикистон бошад, дар ин давра 228 суруду оҳанг дар иҷрои ҳунармандони дастаҳои ҳунарии Кумита, артистони Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни, ҳунармандони театрҳои гуногуни ҷумҳури сабт ва ба хазинаи мусиқии Радиои Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Мушкилоти ягонае, ки дар масъалаи ба Бойгони супоридани маводи телевизиони ва радиои ҷой дорад, ин механизми ба хазина супоридани мавод мебошад. Аз ин рў, пешниҳод мегардад, ки маводи телевизиони ва радиои танҳо дар асоси хулоса ва қарори Шўрои бадеи, ки дар Телевизиони Тоҷикистон ва Радиои Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ба Бойгони супорида шавад.
Дар шашмоҳаи якуми соли 2021 ҳафтаномаи «Ҷаҳони паём» 209 маводи гуногунжанр ба табъ расонд, ки аз ин теъдод 148-тояш бевосита ба соҳаи телевизион ва радио дахл дорад.
Масъалаи дигаре, ки дар маркази диққати ҳайати эҷоди қарор дорад, ҷавоб ба бадхоҳону хоинони миллат мебошад, ки тавассути шабакаҳои иҷтимои нисбат ба давлату Ватан бадгўиву душмани мекунанд. Дар ин самт беш аз 17 маводи таҳлили ба табъ расонида шудааст, ки ҷомеаро ба худшиносию худогоҳи ва рўзноманигоронро ба иҷрои рисолати касби даъват менамуданд.
Дар маҷмуъ, нақши ВАО дар ташаккули афкори ҷомеа, вазъи имрўзаи матбуоти тоҷик, таҳкими иқтидори эҷодию техникии соҳа, инъикоси воқеият дар радио, нақши шабакаҳои телевизионию радиои дар пешгирии ифротгарои, тарбияи мутахассисони соҳа, журналистикаи экологи, манфиат ва хатари шабакаҳои иҷтимои, рисолати журналистикаи байналхалқи, мафкурасози дар фазои иттилооти, рисолати ВАО дар ҷаҳонишавии иттилоот, ҷангҳои иттилооти-равони, ВАО-и электрони дар замони истиқлол, таърихи ВАО-и интернети, мақоми фарҳанг дар ташаккули шахс ва рушди телевизиону радио дар масири истиқлол аз мавзўъҳое буданд, ки дар ҳафтанома таҳлилу барраси шуданд.
Ҳозирини арҷманд!
Бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдони, тақвияти неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани маҳорати эҷодию суханвари ва малакаи касбию ҳунари ровиги, арҷгузори ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънави бори аввал дар байни кормандони воҳидҳои сохтории кумита рўзҳои 30-31 май ва 01-02 июни соли 2021 озмуни адабии “Эъҷози сухан” аз рўйи ду номинатсия: “Китобхони” ва “Шеърдони” баргузор карда шуд, ки дар он беш аз 160 корманди воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби кормандони эҷодии шабакаҳои телевизиони ва радиои ширкат варзид.
Дар натиҷа 2 нафар ҷойҳои якум, 4 нафар ҷойҳои дуюм ва 6 нафар ҷойҳои сеюмро соҳиб шуда, ѓолибон мутаносибан сазовори диплом, 10, 7 ва 5 ҳазор сомони (дар маҷмўъ, 12 нафар соҳиби 78 ҳазор сомони) гаштанд. Инчунин, 15 нафар барои иштироки фаъолона соҳиби сипоснома ва 1000 сомони (дар маҷмўъ, 15 ҳазор сомони) шуданд ва ба 24 нафари дигар ба ҳар яке 500 сомони (дар маҷмўъ, 12 ҳазор сомони) ва китоби “Расонаи зиндаги” тақдим гардид.
Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки дар кумита бори аввал даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурўѓи субҳи донои китоб аст” доир карда шуд, ки дар он беш аз 30 нафар кормандони воҳидҳои сохтори ширкат варзида, 10 нафар ба даври дуюми озмуни мазкур роҳ ёфтанд ва ба комиссияи ноҳияви ба ноҳияи Исмоили Сомони пешниҳод гардиданд.
Инчунин, бо мақсади мунтазам баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдони, тақвияти неруи зеҳнӣ, баланд бардоштани маҳорати эҷодию суханвари ва малакаи касбию ҳунари ровиги, арҷгузори ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавии кормандон ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳу сифати барномаҳо дар заминаи озмунҳои “Эъҷози сухан” ва “Фурўѓи субҳи донои китоб аст” дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфилҳои илмию адабии “Сеҳри сухан” (барои дўстдорони сухану ҳунари ровиги), “Навқалам” (барои алоқамандони шеъру шоири) ва “Хирадмандон” (барои дўстдорони китобу китобхони) ташкил гардида, низомномаҳои онҳо таҳия ва бо фармоиши раиси кумита аз 23.06.2021, №32, тасдиқ карда шуд.
Муҳтарам аъзои мушовара, кормандони соҳаи телевизион ва радио!
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи идеологии давлат минбаъд низ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи фаъолияти худро ба роҳ монда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор ва инъикос намудани чорабиниҳои муҳимми сатҳи ҷумҳуриявию байналмилали, намоишу гуфторҳои наву ҷолиб пешниҳод карда, барои дар рўҳияи баланди миллатдўстию меҳанпарасти тарбия намудани ҷомеаи Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.
Ташаккур ба диққататон!
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: