«Ҳамеша Радиои «Озодӣ» қисми низомҳои дурӯғ ва фиреб буд, ки ба гумроҳ кардани… ҳар касе, ки омодаи гӯш кардан аст, равона шудааст».
Сенатор Фулбрайт, 17 январи соли 1972
Имрӯз дар Тоҷикистон Радиои «Озодӣ» 22 журналистро аккредитатсия кардааст. Чунин штати калони таёрахӯронро дигар воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, ки дар ҶТ ҷойгиранд, надоранд. Таёрахӯрон – ин муҳобот нест, зеро вақтҳои охир кормандони «Озодӣ» ягон рӯйдоди муҳимро, ки дар Тоҷикистон рух медиҳад, инъикос накардаанд. Онҳо дар бораи чизҳои мусбӣ наменависанд, масалан дар бораи сохтмони НБО «Роғун», дар бораи орушди босуръати иқтисодиёт, аммо ҳама чизро танҳо бо рангҳои сиёҳ тасвир мекунанд. Ҳатто агар дар ҶТ «Байконур»-и худро бунёд кунанд ҳам, намояндагони Озоди ҳатто чашм ба чашм намезананд, ба чунин ҳодисаи ғайриоддӣ таваҷҷуҳ намекунанд. Аммо, маҷозан гӯем, агар гурбае дар Душанбе аз роҳ ҳангоми сурх будани чароғак гузарад, он гоҳ «Озодӣ» онро ҳамчун фоҷиаи умумӣ пешниҳод карда, дар атрофи он лой мезананд ва ба он ҳукуматро айбдор мекунад. Саволе ба миён меояд: оё ҳамаи ин гурӯҳи сакалту-бародарони бараҳна, ки бо маблағҳои хориҷӣ арзи ҳастӣ доранд ва манфиатҳои барои Тоҷикистон бегонаро инъикос карда, пеш мебаранд, дар инҷо заруранд? Дар ин савол мо дар охир ҷавоб хоҳем дод!
Ҳодисаҳо, хатогиҳои воқеӣ, ифлосӣ ва дурӯғпардозиҳои ғаразнок дар инъикоси ҳаводис хоси «Озодӣ» дар тамоми мавҷудияташ мебошад. Вақте, ки ӯ-Салими Аюбзод омад, вазъ бадтар шуд. Акнун ӯ-и.в. директор, «нависанда ва мутафаккири барҷаста», муаллифи 150 ҷилд повестҳо ва романҳо, дастҳо пеши бар ба хоҷагон хушомад мегӯяд. Бо доштани майли аврупогароӣ ва вобастагии молиявӣ, муносиботи ғаразнок нисбат ба Тоҷикистон ва таваҷҷуҳаш нисбати ба ном «мухолифин», ки имрӯз дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Прага, ки Дафтари марказии радиои «Озодӣ» дар онҷо мустақст, қарор доранд, ба ҳама маълум аст. Худи Айюбзод солҳои 90 дар Душанбе дар «Озодӣ» (майдони ҷонибдорони сохти конститутсионӣ) қарор надошт, балки дар майдони «Шаҳидон» миёни исломгароёни ришдори ифротгаро қарор дошт. Аммо инсон пӯст иваз мекунад. Дар ин радио Аюбзод собиқадор аст (1990-1995). Акнун писари нохалаф бо рисолат баргашт-бо гонорали зиёд пеш бурдани идеологияи ТТЭ ҲНИ, ки ӯ дастпарвари он аст, иҷрои супоришҳои роҳбарияти он, ки дар мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо қарор дорад.
«Озодӣ» барномаҳои худро пурра ба кор андохт, ба иҷрои вазифаҳои бевоситаи худ, ки иғвоангезӣ, ихтилофи ҷомеа, ноором сохтани вазъи сиёсиву иҷтимоии кишвар аст, тавассути радио ва сомонаи ҳамном шурӯъ намуд.
Аз рӯзҳои аввали роҳбарии Аюбзод сомонаи радиои «Озодӣ» ба нашри оммавии маводи иттилоотӣ ба ҳимояи ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ки фаъолияти он аз ҷониби Суди Олии ҶТ манъ гардиддааст, оғоз намуд. Аюбзод бо суръати кайҳонӣ ВАО-и ба ӯ бовар карда супоридаро ба карнай, майдон барои паҳн намудани овозаҳо, бофтаҳо ва тӯҳматҳо мубаддал кард. Аз замони ба ин сомона омадани ӯ тақрибан 20 маводи дорои самти манфӣ нисбат ба Тоҷикистон ба нашр расидаанд, ки қариб даҳ адади онҳо шахсӣ буда, ба дастгирии аъзо ва роҳбарони ТТЭ ҲНИ, ки аз ҷазои арзанда дар Аврупо панаҳ бурда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, бахшида шудаанд. Аюбзод ният дорад, ки дар ин радио идеологияи сиёсии исломиеро ҷорӣ кунад ва аллакай ҷорӣ намуда истодааст, ки аз ҳамон сарчашмаҳо ДОИШ, Толибон, Ансоруллоҳ-қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ низ маблағгузорӣ мешаванд.
Сиёсати таҳририи Аюбзод, ки имрӯз аз ҷониби вай дар радиои «Озодӣ» роҳандозӣ мешавад, равшан ва фаҳмост, зеро маълум аст, ки ӯ ҳамеша ба доираи ба ном «демократҳо»-и бо ТТЭ ҲНИ алоқаманданд (демисломиён), ки аз дасти эшон дар ҷангҳои шаҳрвандии ба амал овардаи онҳо дар Тоҷикистон 160 ҳазор нафар ҳалок гардид, ворид буд. Имрӯз тарзи паҳн намудани иттилоот аз ҷониби Аюбзод, Варқӣ ва монанди онҳо, ки ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ каросин андохтанд, дар баробари гурезагон, садҳо шаҳрвандони русзабони Тоҷикистон ватани хешро тарк карданд. Аз ин рӯ, вазъи ба амал омада таваҷҷуҳи намояндаи расмии ВКХ Россия Мария Захаровао ҷалб намуд, ки 11 апрели соли ҷорӣ дар брифинги навбатӣ ба ин масъала дахл намуда, ҳолати ба амаломадаро латифа ва «заъфи озодӣ» номид: «Ин як латифа аст, гарчанде ман мефаҳмам, ки барои иштирокчиёни ин драма воқеан ин хандаовар ва хушкунанда нест, зеро дар ин ҷо дар бораи ҳар гуна поймолкунии ҳуқуқ ва озодиҳо сӯҳбат кардан душвор аст. Фикр мекунам ин танҳо заъфи онҳост».
Симои ташкилот кормандони он мебошанд. Дар ҳама давру замон дафтари асосии радиои «Озодӣ» барои «Озодӣ» журналистони шубҳаангез ва манбаъҳои иттилоотро интихоб мекард. Аюбзод аз чунин зумраи нависандаакони худфурӯш ва беасос, ки зери критерияҳои даркорӣ меаффтиданд, буд. Зеро аз оғози таъсисёбии худ радиои «Озодӣ» хоинони Ватан, гурезагон, дизертирҳо, муҳоҷирони бесомон ва хориҷиёне, ки забони кишвари иниъковшавандаро медонисдант, ба кор ҷалбю мекард.
Ба ин ҷо муртадони дорои гузаштаи ҷиноӣ ва шахсони зиддиҷамъиятии бидуни принсипу фаҳмишҳои ахлоқиро, ки ба ҳар гуна шароит ҳатто то ба тағйир додани шаҳрвандӣ, нишона ва тамоюли сиёсӣ, ахлоқӣ ва ҷинсӣ, инчунин барои «хиёнат» ба Ватан розӣ мешаванд, ба кор қабул мекунанд. Ҳамаи онҳо сиёсати иттилоотии кураторони хориҷ аз кишвар ва хадамоти махсуси онҳоро сарпарастикунандаро ҷонибдорӣ мекунанд. Аксарияти онҳо, мисли Аюбзод, кайҳо ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва шарафи худро аз даст додаанд. Онҳо манфиатҳои тамаъкоронаро аз арзишҳои ватандӯстона авлотар гузоштаанд. Собиқ ҳамвататони муҳоҷиршуда ва ифротгароёни гуреза, ки ба «Озодӣ» ва манофеи ТТЭ ҲНИ хизмат мекунанд, кайҳо боз дар ватан зиндагӣ намекунанд, бо он робитаи генетикӣ ва маънавиро гум кардаанд, бо золимияти махсус ҳодисаҳои Тоҷикистони муосирро арзёбии беасосона менамоянд.
Радиои «Озодӣ» худро ҳамчун миссионери ғайритиҷоратӣ, ки ба «арзишҳо», «демократия», «озодии виҷдон ва дин», «ҳуқуқи инсон», «рушди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, иқтисодиёти бозоргонӣ», «фарогирии воқеӣ ва дақиқи рӯйдодҳо дар минтақаҳои инхъикосшаванда ва ҷаҳон» равона шудааст, нишон медиҳад. Вале журналистони онро борҳо дар болои фиребу найранг, қаллобӣ, корҳои ифлос ва таъқиби «сенсатсияыу эксклюзив» ба даст уфтодаанд. Иттилооте, ки «Озодӣ» нашр мекунад якпаҳлӯ, беэътимод ва тамаъкорона аст.
Ғаразнок ва ғайриобъективона интихоб ва истифодаи маводҳо ба коҳиш ёфтани шунавандагон ва хонандагони он оварда расонид. Бо омадани Аюбзод, ки аз ҷониби ТТЭ ҲНИ ва сарпарастони хориҷии он ҷалб шудааст, инъикоси ғайриобъективонаи мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои созандаи ҳалли онҳо, ташвиқи барқасдонаи исломии сиёсӣ, ғояҳои ифротгароӣ, ҳимояи онҳое, ки ба фаъолияти террористӣ машғуланд, инчунин кӯшишҳои фармоишӣ вобаста ба носубот гардонидани вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳатто ҳарбии ҷумҳурӣ бо роҳи ҳамлаҳои иттилоотӣ ва партофтани маълумоти бардурӯғи манфӣ вазифаҳои «Озодӣ» мегарданд..
Илова бар ин, радиои «Озодӣ» аксари бандҳои Низомномаи Намояндагии корпоратсияи ғайтиҷоратии «PCE/PC.ИНК»-ро дар Тоҷикистон, ки фаъолияти онро дар ин ҷумҳурӣ танзим мекунад, дағалона вайрон менамояд. Аз ҷумла, мувофиқи моддаи II, «Озодӣ» уҳдадор аст, ки иттилоотро дар асоси далелҳо паҳн кунад, дастрасӣ ба хабарҳои воқеиро таъмин намояд, ба таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни одамон мусоидат кунад, барои ВАО-и маҳаллӣ намуна бошад, ба рушди муносибатҳои шарикӣ бо муассисаҳои ВАО-и маҳаллӣ ва ба роҳ мондани робиҳаои зич миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мусоидат намояд
Мувофиқи моддаи III, «Озодӣ» бояд дар асоси қонун, ки қонунгузории ҶТ муайян кардааст, фаъолият намуда, қонунҳои ин ҷумҳуриро риоя намояд. Аз гуфтаҳои болозикр бармеояд, ки «Озодӣ» меъёрҳои номбаршудаи Низомномаи худашро риоя намекунад. Аз ин рӯ, мувофиқи моддаи IX-и ҳуҷҷати мазкур, «барҳам додани ин намояндагиро (яъне радио «Озодӣ»-ро) метавон дар заминаи асосҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дод».
Аллакай имрӯз маълум мешавад, ки бо таъйини Аюбзод воқеият ва сифати инъикоси руйдодҳои воқеии Тоҷикистон аз ҷониби раидо «Озодӣ» зери шубҳаи калон гузошта шудааст. Аз ин рӯ, барои пешгирӣ намудани фаъолияти тахрибкоронаи он нисбат ба ҶТ ва минбаъд таъсир нарасондан ба нуфузу мақоми тамоми холдинги радиои «Озодӣ», Тоҷикистон, ки худ дар ҳудудаш 22 нафар «журналистон»-ро навозиш кардааст, танҳо як роҳи баромад дорад! Ба ҷинояткорони гузаро, ки дар «Озодӣ» пинҳон шудаанд, барои амалӣ намудани ҷиноятҳои такрорӣ роҳ надиҳад. Барои ин, бояд дафтари таҳририяи «Озодӣ» дар Душанбе далерона ва бетаассуф баста шавад. Ва он гоҳ ҳамааш хуб мешавад. Ҳамаи ифлосиҳо ҳамроҳ бо террористони ТТЭ ҲНИ дар Прага мемонанд.
Максим ВЕДЕНЕЕВ, АИ «Параллел»
Манбаъ - ЦентрАзия
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: