Рушди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ дар ҷомеаҳои шарқии суннатӣ одатан ба осонӣ, дар масири шоҳроҳи ҳамвору бемонеа сурат намегирад. Бозсозӣ ва таҳаввули низоми суннатӣ ба низоми мардумсолорӣ (демократӣ) ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар сатҳи чунин ҷомеаҳо бо мушкилӣ, талошу қушишҳо зиёд дар роҳи тарбияи мафкура ва фарҳанги нави сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавӣ-ахлоқӣ амалӣ мегардад. Масъалаи муносибати дин ва давлат ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳими назариявии фалсафию сиёсатшиносию диншиносӣ будааст ва ҳаст. Баҳсу мунозира ва таҳқиқот дар ин замина фаровон буда, нуқтаи назарҳо гуногун вуҷуд доранд. Имрӯз дар амалия низ моделҳои гуногуни чунин муносибат фаъоланд. Яке аз чунин модели муносибати дину давлат –дин дар низоми дунявӣ мебошад, ки дар кишвари мо низ пиёда шудааст.
Модели милли дунявият дар кишвари мо. Мо тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифтем. Ин нахуст моддаи Конститутсия, яъне соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягонагӣ тағйирнопазир буда, барои мо ҳамчун чароғи раҳнамо, ситораи қутбӣ мебошад, ки ҳамеша роҳи моро ба ояндаи дурахшон равшан мекунад ва доимо дар мадди назар, зеҳну хотираи ҳар як афроди ҷомеа, шаҳрвандони ин кишвар, алалхусус зиёиёну рӯҳониёни он ҳамчун усули муқаддас, бояд ҷой дошта бошад.
Вале мутаассифона, баъзе гурӯҳу гурӯҳакҳои сиёсии ҳангомаҷӯ ва ҳизбҳои қудратталаб ин вазъияти осоиштагӣ ва дастовардҳои сиёсии давлатро дидан намехоҳанд ва баҷои ҳамкорӣ ва дастгирии давлат дар корҳои хайр, ки худ хидмат ба миллат ва дин аст, бо ҳар баҳонае, алахусус аз буд зиёд ҳангома кардан дар атрофи як ду масъалае, ки ба назари онҳо маҳдудкунии озодии диёнат аст, ҷомеаро ноором кардан мехоҳанд. Албатта, мардум дигар худаш қудрати ташхис кардани некро аз бад, осоиштагиро аз нооромӣ, душманро аз дӯст дорад, аммо ҳадафи ин гуруҳҳо он қисмати камтаҷрибаи ҷомеа, асосан ҷавонон мебошанд. Ҳадафи ин рисола пеш аз ҳама ҳидояти ҳамин насли ҷавон ба роҳи рости зиндагӣ, ташхиси неку бад ва тарбият рӯҳияи Ватандустӣ, худшиносӣ, худсозӣ, кишварободӣ ва номуси ватандорӣ мебошад. Ҷавонони мо бояд қудрати ташхиси «Мабин кӣ мегӯяд, бубин ки чӣ мегӯяд»-ро дошта бошанд. Имрӯзҳо душманони дохиливу хориҷии миллат барои ба банду қайди худ даровардани онҳо дар сари роҳашон домҳои зиёде чидаанд, ки хеле рангорангу фиребандаанд. Яке аз чунин домҳо бо мақсади сӯиистифода кардан аз эҳсосоти динии ҷавонон бо сиёсат омехтани масоили динӣ - исломӣ, сиёсисозии ислом ва худро ҳомии ислом ҷилва додан ва таблиғи муборизаи сиёсӣ бо роҳҳои ифротгароию тундравӣ, таҳаммулнопазирию таассуби динӣ аст.
Омӯзгорони факултети телекоммуникатсия ва ТИ
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: