Агар каме ба таърихи ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом назар афканем маълум мегардад, ки соли 1973 замоне, ки Иттиҳоди Шӯравии муқтадир бар пой буд дар 200-километрии ҷануби Тоҷикистон дар минтақаи Қӯрғонтеппа бо номи "Наҳзати ҷавонони исломихоҳ" як созмон ба таври ғайрирасмӣ таъсис ёфт, ки пас аз муддате бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар саҳнаи сиёсии кишвар зоҳир шуд.
Охирҳои моҳи сентябри соли 1991 Ҳизби наҳзат расман сабти ном шуд. Баъди оғози ҷанги шаҳрвандӣ соли 1992 ва ошкор гардидани дастдории наҳзатиҳо дар ин ҷанг вазорати адлия фаъоляти ҳизби наҳзати исломро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон кард.
Дар баробари оне, ки наҳзатиҳо дар аланга ва афрӯхтани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва Тоҷикистонро ба коми оташ кашонидан даст доштанд, Ҳукумати кишвар бо роҳбарии шахси хирадпешаву ватанпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро авф намуд ва аз гуноҳашон гузашт. Яъне дубора соли 1999 Ҳукумати кишвар ба ҳизби наҳзат иҷозаи фаъолият дод. Сӯйистифода аз дини мубини ислом дар суханони сухангӯи ҳизб ҳанӯз солҳои 2005 ошкор гардида буд, ки Ҳикматулло Сайфуллозода сухангӯи ҳизб гуфта буд: "Вақте ки ҷомеа мусулмонист, он албатта манфиатҳои исломиро интизор дорад, ки ин манфиатҳо авлавият пайдо кунанд. Барои ҳамин бояд худи ҷомеаро ба фарҳанги исломӣ шиносонидан ва омода кардан ҳадафҳои аслии Ҳизби наҳзат буд ва ҳоло ҳам ҳаст."
Дар ин радиф ҳанӯз зимни мусоҳиба бо масъули Радиои Озодӣ соли 2013 роҳбари ҳизб Кабирӣ дар матлаби “Муҳиддин Кабирӣ: Наҳзати исломӣ бо ҳамин ном хоҳад монд” иброз дошт, ки “мо тасмими иваз кардани номро надорем ва зарурат ҳам нест". Яъне бори дигар собит гардида буд, ки инҳо маҳз бо сӯйистифода аз номи дини мубини ислом мехоҳанд амалҳои разилонаи хешро ба анҷом расонанд. Чун дар тинату сиришти ин тангназарони кӯрдил нопокиву разолат ҷой дошт боз аз таҷрибаи талхи таърих ибрат нагирифта, соли 2015 даст ба амалиёти мусаллаҳонаи ҳоҷӣ Ҳалим пардохтанд ва ҳамин тариқ бо роҳандозии ошӯби мусаллаҳонаи ҳоҷӣ Ҳалим моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҳизби наҳзати ислом дар кишвар ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ манъ карда шуд.
Бо манъ гардидани фаъолияти ҳизб дар кишвар Кабирӣ ҳамеша дар хориҷ даъвои ҳимоят ва пуштибонӣ аз наҳзат мекард ва ҳамаи масъалаҳои марбут ба фаъолияти ташкилоташро интихоб ва ё андешаи аъзоёни ӯ медонист. Ҳар тадбире, ки ин ташкилоти тахрибкор амалӣ мекард онро Кабирӣ набалки андешаи шахсии худ, балки андешаи аъзоёну пайравони ТЭТ ҲНИ медонист. Ҳамеша Кабирӣ ҳизби наҳзатро ба хотири ислом дифоъ мекард ва бо ин ном ва ба хотири ҳимояву дифоъ аз ислом аз хоҷагони хориҷӣ маблағ меситонид.
Тасмими ахири Кабирӣ дар мавриди даст кашидан аз раҳбарии ТЭТ ҲНИ бори дигар собит намуд, ки Кабирӣ на парвои наҳзат ва ҳатто на парвои ислом дорад ва барояш на наҳзат ва на ислом ягон арзиш надоранд, балки барои ӯ аз кадом хоҷае бештар манфиат расад ӯ чамбаракашро ба сӯяш шитобон метобад.
Нуктаи назари дигар дар ин маврид мавҷуд аст, ки ҳанӯз бо ба сафи мухолифин пайвастани хоини миллат Алим Шерзамонов дар сари Кабирӣ андешаи таъсиси созмон ва ё паймони наве, ки дар он номи ислом набошад сар зад. Ва ниҳоят бо фитнаандозиву нафратгароӣ Шерзамонов тавонист Кабириро ҳамчун исломситез ва пойбанди пулу мол нишон диҳад. Гумон мекунем ва итминон дорем, ки акнун рӯзҳои сахт Кабирии динситези мазҳабфурӯшро дар пеш аст, зеро исломро Худованд аз чунин разилон ҳифозат мекунад ва ҳар кору пайкоре, ки пинҳону ошкоро мекунанд Худованд аз ӯ огоҳ аст.
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: