Бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муаззами Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати ҷавону озоди тоҷикон дар марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ қарор дорад. Мутассифона бархе аз манфиатҷӯёну зархаридони хоҷагони хориҷӣ, ки фирефтаи дом шудаанд, мехоҳанд ба раванди созандагиву ободкории тоҷику тоҷикистонӣ монеа эҷод намуда, мардуми сарбаланду созандаи миллати моро гумроҳ кунанд.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 бо ҳалномаи худ чеҳраи асосии Ҳизби наҳзати исломро ба тоҷику тоҷикистониён нишон дода исбот намуд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби терористӣ ва экстремистӣ фаъолият намуда, мардуми кишвари ободу озоди моро мехостанд ба гумроҳӣ баранд.
Новобаста аз оне, ки Ҳизби наҳзати исломӣ бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолият боз мононда шудааст, ҳоло ҳам аъзои ин ҳизби терористиву эксремистии наҳзати исломӣ ҳаракатҳои хоинонаи худро идома дода истодаанд.
Ин афрод то ҳол фарқ накардаанд, ки мазҳаби ҳанафӣ яке аз маҳзабҳое мебошад, ки танҳо росткориву ростқавлиро парастида, пайравонашро ба кору рафтори нек даъват мекунад. Дар ягон ояи Қуръони Карим ва ё ҳадисҳо навишта нашудааст, ки ҳар шахс метавонад барои молу сарвати зиёд, дину мазҳаб, миллату ватани худро фурӯхта шомили дигар равияҳо шавад.
0Аммо роҳбари ҲНИ барои ба даст овардани молу сарвати зиёд, фирефтаи доми хоҷагони хориҷӣ шуда, дину имон, ватану миллат ҳатто мазҳаби аҷдодии худ, ҳанафияро фурӯхта, мазҳаби бегонаеро қабул кардааст, ки ҳар хурду калони тоҷику тоҷикистонӣ ба ин зархаридон, ки ба арзишҳои маънавию илмию диннии миллати тоҷик зарбаи ҷонкоҳ задан мехоҳанду ба арзишҳои миллӣ, дину расму оини худ баҳри молу сарват хиёнат карданд, лаънату нафратҳо мехонанд ва талаби сангинтарин муҷозоти қонуниро доранд.
Муҳиддин Кабирӣ, яке аз шахсиятҳое, ки то моҳи сентябри соли 2015 худро дар Тоҷикистон ҳамчун дорандаи имони комили мусалмонӣ ва пайрави мазҳаби аҷдодии мо тоҷикон ҳанафия мешумориду садҳо нафари дигар гумроҳшудагон ин хоини миллатро пешвои мазҳабии худ модонистанд, бо кирдорҳои терористии худ ҷони чандин ҷавонмардони тоҷикро аз байн бурдаву фарзандони онҳоро ятиму бепарстор гардонидааст, имрӯз бо мақсадӣ амалӣ намудани ниятҳои нопоки худ ба ҶИЭ паноҳ бурдааст. Вале боз ба ин нигоҳ накарда, ҳоло ҳам баъзе нафароне ёфт мешаванд, кӣ ба доми фиреби ин шахси бадкору ҷинояткор гирифтор мешаванд, ки ин боиси таассуф аст.
Хоҷагони хориҷӣ ва хоинони ашаддии миллати тоҷик фаромӯш кардаанд, кӣ мардуми ба ору номуси тоҷик аз он тоҷикони солҳои 1991 нестанд, ки фирефтаи тангаву тиллои хоҷагон шуда, ба давлату миллати худ хиёнат кунанд. Мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаашонро бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор сохта, онҳоро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.
Ҳамин буд, ки бо иштироки даҳҳо нафар ҷавонону сокинони ватандӯсту шарафманди тоҷик санаи 21-уми май дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон митинги эътирозӣ барпо карданд. Онҳо бо шиорҳои гуногун ба муқобили сиёсати дахолаткунандаии Эрон, ки аз ҳизби ғайрирасмии терористӣ ва хоинони миллати тоҷик тарафдорӣ мекунад, баромад карданд.
Сафорати Эрон дар Тоҷикистон бояд фаромӯш накунад, ки аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶИЭ нахустин давлате буд, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро пазируфт ва худро ҳамчун давлати дӯсту бародар ва ҳамзабон муаррифӣ намуд ва бояд аз пушти як нафар хоини миллат, фурӯшандаи динну имон дӯстии ин ду давлат бояд вайрон нашавад. Зеро М. Кабирӣ тавассути ҳизби ғайриқонунии наҳзати исломӣ хост фазои орому осудаи кишвари моро ноором гардонад, ҷавононро ба гумроҳиву хиёнаткорӣ даъват кард ва баъди ба даст овардани молу сарвати зиёд ҳатман ба Эрон низ хиёнат хоҳад кард.
Аз ин лиҳоз мо мардуми шарифи Тоҷикистон тарафдори сулҳу амнияти миллӣ ҳастем ва намехоҳем, ки Муҳиддин Кабири дар зери паноҳи Эрон қарор дошта бошад ва аз ин кишвари дӯсту бародар эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ин хоини миллати тоҷикро ба Тоҷикистон интиқол диҳад. Зеро Тоҷикистон ҳаргиз наметавонад майдони ҷангҳои исломӣ бошад.
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: