Чанде қабл раиси Хизби террористии наҳзати исломӣ хоини миллат-Муҳиддин Кабирӣ тариқи интернет ба суолҳои ҳаммаслаконаш посўх гуфт. Харчанд бархе ҳаммаслаконаш иддао намуданд, ки бо тариқи онлайнӣ Кабирӣ бо мардум гуфтугў намуд, вале дар асл ин хоини миллат ба ҷуз бо чанд гумроҳи ҳампешаи худ бо касе гуфтугў накардааст. Бинобар ин ҳангома сохтан аз як баромади интернетии кўчаки ин ватанфурўш на аз рўи имон аст ва на аз рўи виҷдон…
Баромади интернетии Кабирии хоини миллатро чанд сайти марбут ба фурўхташудагон ва ватанфурўшони миллат нашармида нашр намуданд. Аз ҷумла, яке аз лесакони Кабирӣ кури Сайидюнуси Истаравшанӣ аз авваалинҳо шуда дар бораи баромади ин хойини миллат дар сомонааш нашр намуд ва гумон кард, ки мардум бо мароқи том гуфтаҳои Кабирии фурўхташударо мехонанд. Аммо ҳайҳот, мардуми аз макру фиреби наҳзатиёни фурўхташудаи душмани миллати тоҷик кайҳо огоҳанд ва дигар ҳеҷ кас ба гуфтаҳои онҳо бовар намекунад.
Кабирӣ дар ин баромади хеш, ки бо ҳаммаслаконаш баргузор шуд, ҳамоно худро «мусичаи бегуноҳ» метарошад ва аз суханҳояш маълум мешавад, ки ҳанўз аз кардаҳои худ пушаймон нест ва он қадар бадбахтиҳое, ки ба сари миллат овард, ҳанўз худро «ҳақ» мешуморад. Суханҳои Кабирӣ сар то ба по лофу дурўғ буда, аз маҳорати шайтонгарии ў дарак медиҳанд. У дигар наметавонад худро назди миллати тоҷик сафед кунад. Кабирӣ абадан дар назди мардуми тоҷик ҳамчун як хоин, ватанфурўш, душмани миллати худ шинохта хоҳад шуд.
У боз нашармида таъкид мекунад, ки «беҳтарин хидмати як мақомдор ин аст, ки пулу моли миллатро надуздад». Оооо ҷаноби Кабирӣ, чаро намегўӣ, ки беҳтарин хидмати як мансабдор ба миллати худ хиёнат накардан аст? Чаро намегўӣ, ки беҳтарин хидмати як мансабдор ватанро тарк накардану мисли саг аккос назадан аст? Чаро намегўӣ, ки беҳтарин хидмати як мансабдор ҳеҷ гоҳ ба миллат хиёнат накардан аст? Чаро намегўӣ, ки беҳтарин хидмати як мансабдор аз пушти хоҷагони хориҷӣ ва баҳри пули ҳаром имону виҷдони худро нафурўхтан аст???
Эҳҳҳ Кабирии соддаи ватанфурўши фурўхташушуда, дигар насиҳатҳоят ба гўши касе намедарояд. Кӣ будани ту аз амалҳои кардаат мисли рўз равшан аст ва дигар хоҷат ба он нест, ки ба гўши мо «амри маъруф» бикунӣ. Ту дигар бояд асло чеҳраатро ба ин миллат нишон надиҳӣ. Ончунон рўсиёҳ ва шарманда назди миллати хешӣ, ки бояд худро зинда ба зинда гўронӣ. Боз намедонем, ки чӣ гунна нашармида аз мўшхонае гоҳ-гоҳ сар бароварда садо баланд мекунӣ. Агар мард мебудӣ ва дилат ба давлату миллатат месўхт, барои подоши амалҳои кардаат бояд назди қонун ва миллати хеш ҷавоб медодӣ. Аммо, вақте миллат, падару модар, ватану зодгоҳ назди ту чени як хас арзиш надорад, ватанро пас аз ошўби Хоҷӣ Халим, моҳи сентябри соли 2015 тарк намудӣ. Чун ту яке аз ассогузорони ин табаддулот буди ва месохти кишвари тинҷу ороми моро ба ҷангу хун бикашӣ. Аммо хести,ки хобӣ Кабирии лаънатии ватанфурўш. Чавонмардони ин ватан дигар намегузоранд, ки мўйе сар сари мода рва хоҳарашон кам шавад. Чавонмардони ин миллат дигар асло намегузоранд, ки Тоҷикистон ба як кишвари ҷангу ноором табдил биёбад. Хар касе бо мақсади ноором кардани ин давлати тинҷу ором даст дароз мекунад, дасту пояш шикаста ва шармандавор шикаст хоҳад хурд. Мисли Хоҷи Халими хоини миллат, к ибо пуштибонии Кабирии лаънатӣ мехост Тоҷикистонро ноором кунад, аммо хушбахтона ин ҳадафи муғризонаашон хок хурд.
Бо боварӣ метавон гўфт, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дигар наметавонанд ҳеҷ зарбае ба тинҷиву оромии Тоҷикистони азиз бизананд ва мақсадҳои нопоки худро пиёда бисозанд.
Мардуми тоҷик дигар онҳоро ҳамчун хоин ва ватанфурўш шинохтааст ва асло ин чеҳраҳои манфур сафед нахоҳанд шуд.
Зинда бод Тоҷикистони азиз бо Пешвои муаззами худ!
Нест бод Кабирӣ ва хоинони миллати Тоҷик!»
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: