(Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ Бурҳонова Мубина ва Сиддиқова Парвина оид ба гирдиҳамоии ТЭТ ҲНИ дар Олмон)
ТЭТ ҲНИ, ки пешаи ў ҷудоиафканӣ ва хиёнату бедодгарӣ ба шумор меравад, имрўзҳо боз як дасисаи дигарро эҷод карда истодааст. Ташкили гирдиҳамоӣ барои озодии роҳбарони хиёнаткори наҳзатӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар Олмон гўё барои онҳо як герўи дигар ато мекунад. Чунин ҳиллаи рўбоҳона танҳо номи мардуми тоҷикро дар назди ташкилотҳои хориҷӣ бадном кардан аст, ки ин корро роҳбарони қаблиашон бо роҳи ташкили майдонҳову гуруснанишиниҳо чандин сол қабл ба анҷом расонида буданд. Пас аз ноҷавонмардона гурехтани Муҳиддин Кабирӣ-роҳбари зархарид ва фурухташудаи ТТЭ ҲНИ чандин ҳодсаҳои нохуш дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст, ки нафрати мардумро боз дучанд гардонид. Хушбахтона муовини ин хиёнаткори ватан дар пушти панҷара абадан нигоҳ дошта мешавад. Дар ҳар сурат ин кори Мақомотҳои қудратӣ бисёр саривақтӣ буд ва барои пойдории сулҳу субот равона шуда аст, ки идомаи мантиқии сиёсати Ҳукумати малакат дар самти таҳкими истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Агар ин шайтонҳо дар озодӣ қарор медоштанд, мо боварӣ доштем, ки бар сари мардуми тоҷик чӣ бадбахтиҳое таҳмин мешуданд ва мардум боз ба рўзи сиёҳ гирифтор мегардид. Бисёр хандаовар аст, ки ин хиёнаткорон бо як дархост ин гирдиҳамоӣ ташкил карда, аз мақомоти Тоҷикистон пешниҳод менамудааст, ки бояд фавран дархости онҳо дар хусуси озодии зиндониёни сиёсӣ: асосгузори гурӯҳи “Тоҷикистони нав” ва вазири собиқи саноат Зайд Саидов, муовини раҳбари ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки аз 28 сол то ҳабси абад ба зиндон маҳкум шудаанд, амалӣ шавад. Хестики хобад. Шумо хиёнаткорон якумаш ҳуқуқи чунин пешниҳодро надоред. Чунки Шумо касе нестед ва шаҳрвандони Тоҷикистон шуморо ҳамчун як нафарони динфуруши мансабгадо мешиносад. Дувум хиёнаткориҳои Шумо ханўз дар пеши назари мардум ҳанўз дур нарафтааст. Шумо аз он ҳарос доред, ки як гуруҳи террористоне, ки ҳукумати Тоҷикистон ба маҳбас кашида буд, маводо дар феҳристи кушташудаҳо ва захмиҳои зиндони рақми 3/3 Хуҷанд набошад. Зеро нақшаи минбаъдаи террористии Шумо лағв мегардад.
Дар маҷмўъ, метавон таъкид кард, ки ташкили гирдиҳамоӣ як иғвои набатӣ буда, танҳо талош барои нором карда Тоҷикистон мебошад.
Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Телефон: