Автор: Суғд Ҳақиқати Категория: Миллий хавфсизлик
Дата публикации Просмотров: 2444
Печать

 

 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф ва танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, 26 октябри соли 1991 таъсис ва дар моҳи декабри ҳамон сол расман сабти ном шуд. Ҳарчанд гуфта мешавад 20 апрели соли 1973 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Ғуфронов, маъруф ба Қорӣ Муҳаммадҷон, Неъматуллоҳ Эшонзода, Холиди Абдусалом ва Қаландар

Садруддинов созмонеро поя гузоштанд, ки бо номи «Наҳзати ҷавонон» дар солҳои шӯравӣ ба таври пинҳонӣ фаъъолият мекардааст.

Хизби Нахзати Исломии Точикистон бо барномахои муайян чун хизби конунию сиёси барои фаъолият дар кишвар ичозат гирифта буд. Вале бо гузашти вакт маълум гардид, ки он накшаю барномахо танхо дар руи когаз буда,накшахои асосии рохбарон ва аъзоёни ин хизб тамоман максадидигар доштаанд.

Аз руи маълумотхое, ки судяи Суди Оли Азизов Шамс Одинаевич дар мусохиба ба рузноманигори хафтаномаи «Точикистон» Шарифи Хамдампур додааст, аъзоёну рохбарони ХНИТ дар бисёр чиноятхои вазнин, чун куштор, суикасд, кушишхо барои табаддулоти давлати даст доштаанд. Аз ин ру, тибки карори Суди Оли ХНИТ ташкилоти террористи-экстремисти эълон гардида, фаъолияти он дар Точикистон манъ карда шуд.

Додгоҳи олии ҶТ рӯзи 29-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) — ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард, инчунин нашри ҳафтаномаи "Наҷот"- органи чопии ташкилот ва саҳифаи интернетии он бо қарори додгоҳ мутаваққиф шуд

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: