Автор: Суғд Ҳақиқати Категория: Миллий хавфсизлик
Дата публикации Просмотров: 2379
Печать

Дар Тоҷикистон ташкил кардани ҳизби Наҳзати исломӣ аз аввал муғризона буда, мехостанд бо номи ислом низоми давлатдориро дигаргун кунанд, мазҳаби шиаро бо кадом роҳе, ки бошад ба сари мардум таҳмил кунанд. Мутаассифона, то имрӯз дар дохили кишвар шиашудаҳо низ зиндагӣ доранду бо кирдору амалҳои паст мардумро гумроҳ мекунанд. Онҳоро мебояд, тавба карда ба мазаҳбӣ аҷдодӣ баргарданд, зеро мазҳабфурӯшӣ баробари ватанфурӯшист. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ зери хатар монда буд. Қувваҳои сеюм барои заиф намудани Истиқлолияти давлатӣ ҳама чораҳои ғаразноки худро андешида буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба масъалаи таъмини ҳуқуқии рушди ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аҳамияти ҳам миллӣ ва ҳам байналмилалӣ касб намуд. Сулҳу амнияти бадастовардаи Тоҷикистонро сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳои баланд додаанд.

Номи муқаддас ва поку беолоиши ислом дар он мавридҳое бештар истифода мешавад, ки сухан аз дифои адолати иҷтимоӣ меравад. Аммо дар асл ҳадафи асосӣ -ҳаракат зидди маҷрои умумии пешрафт, мубориза барои ҳокимияти сиёсӣ ва тағйир додани аслҳои муҳимми зиндагии иҷтимоист. Фаъолияти ошкорои ин ҳизб баъди воқеаҳои февралӣ характери рӯирости мубориза барои ҳокимияти сиёсиро гирифт. Маълуми ҷаҳониён шуд, ки ин ҳизб воқеан ва дар ҳақиқат барои даст ёфтан ба мақсади аслии худ – соҳиб шудани ҳокимият ва бунёди давлати исломӣ пайваста талош мекардааст. Ин мақсад боз танҳо барои иваз кардани мазҳабу урфу анъанаҳои миллӣ буд на чизи дигар. Дар асл, терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Вале Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аз номи дину мазҳаб истифода карда, кӯшишҳои бо ҳам тавъам донистани терроризм бо дину мазҳабро ба манфиати террористон роҳандозӣ менамояд.

Ҳамзамон, ТЭТ ҲНИТ пайроҳаи бадном сохтани дини мубини Ислом ҳамчун доираи ғараздори сиёсӣ гардидааст. Аз ин рӯ, комилан зарур аст, то олами ислом ва ходимони бонуфузи динӣ садои маҳкумсозандаеро бар зидди терроризми динӣ дар мисоли ҲНИТ дар дохили мамлакат ва берун аз он ба таври возеҳ баён доранд, ки дарси ибрат барои умум гардад.

Гарчанде, ки намояндагони ТЭТ ХНИТ худнамоишӣ карда, бо ном дини Исломро ниқоби худ мекунанд, зоҳирпарастӣ буда, муттаасифона ашхосҳои алошида (А.Шерзамонов, Т.Варқӣ, Р.Темуриён ва Ш.Гадоев) ботинан дигаррранг мебошанд. Зеро, шахсони номбурда ба корҳои ношоям даст зада мамнӯъот, макрӯҳот, мубоҳ ва ҳалолу ҳароми динирокуллан риоя намекунанд.

Ҳамагуна шиорҳои демократӣ, ҳамагуна намоишкориҳо ҷиҳати ҳуқуқи инсон танҳо баҳонае беш набудаанд. Охирин талоши Ҳизби наҳзати исломӣ тавассути табаддулоти давлатӣ омадан ба арсаи сиёсат он ҳақиқатро ошкор намуд, ки ин неруи сиёсӣ комилан иртиҷоист ва ба ҳеҷ ваҷҳ манофеи умумимиллиро надорад. Ҳизби наҳзати исломӣ дар таърихи кишвар таҷрибаи талхе буд, таҷрибаи бозӣ кардан бо эҳсосоти мардум дар пояи дин буд. Ин таҷриба дар таърихи Тоҷикистон мардумро ҳушдор медиҳад, ки ба дин ҳамчун ҷузъи фаҳанги худ муносибат кунанд ва ҳаргиз ба он роҳ надиҳанд, ки ин чашмаи беғубор ба хун олуда гардад. Дар паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи раванди хатарнок касб намудани экстремизм ва терроризм ҳамчун мавзўи калидӣ баҳогузорӣ шуд.

 

Мудири кафедраи умумидонишгоҳии

фалсафа д.и.ф., профессор Атоев А.М

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: