Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 1026
Печать

 

 Дар олами мураккабу зудтаѓйирёбандаи сиёсиву иќтисодї, рўз то рўз шумораи муасссисањои ба ном тадќиќотиву тањлилї, ки хати маши фаъолияташонро манфиатњои гурўњњои алоњида ташкил медињад афзуда истодааст. Бештари чунин созмонњои ба ном байналмилаливу дар амал тобеи идеологияи кишварњои алоњида дар баъзе давлатњои Ѓарб фаъолият доранд. Яке аз чунин ташкилотњои иѓвогару дурўѓпарокан созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW) аст, ки пас аз соњибистиќлол шудани Тољикистон кори доимии худро интиќоди њар амали Њукумат ва маќомоти кишвари мо ќарор додаст.

 

 Дар гузориши солонаи худ ин созмони иғвогар боз ба тањлилу хулосабарорињои дурўѓину воњиманокаш мехоњад љомеаи Тољикистонро барои оламиён сиёњ ва пурхатар нишон дињад.

Ба мардуми  шарифи кишвар  маълум бод, ки аз демократияву озодии баён дифоъ кардани Human Rights Watch танњо ба хотири таблиѓи демократияи нокомили баъзе кишварњои сармоядорї ва тамоюли ѓарбидошта мебошад. Маќомоти Тољикистон боздошту зиндонї кардани журналистонро ба њељ ваљњ бе далел ба сомон намерасонанд. Ин ки ду-се ифротии мубаллиѓони исломи сиёсиро Human Rights Watch  мухолифин мењисобад ва љилва медињад назарфиребие беш нест.

 Аслан барои Human Rights Watch ва дигар созмонњои хориљї чи зарур аст тањќиќи   озодии баён ва озодии дин дар Тољикистони хурдакаке, ки њамеша љонибдори сулњ ва осоиштагї дар минтаќа ва љањон мебошад?!!!

Тањлили гузоришњои чанд соли охири Human Rights Watch ироанамуда, нишон медињанд, ки ҳадафи ин созмон ва на баррасии шаффофи њуќуќи инсонњо, балки низоъангезї ва нифоќгарої миёни табаќањо ва ќишрњои мухталифи одамони сайёра мебошад. Ин созмон масъалањои њассосеро таблиѓ ва љилва медињад, ки ба арзишњои инфиродї ва иљтимоии мардуми Тољикистон дуруст намеоянд. Яке аз ин масъалањои њассос, ки  мардуми Шарќ ба он нафрат доранд њамљинсгарої аст. Њамин масъалаи њамљинсгароиро мањз Human Rights Watch ва ширикони иттилоотиаш таблиѓу ташвиќ намуда мехоњанд бо ин роњ эњсосоти мардумии мусулмону таќводорро барангезанду нобасомониро дар љомеа ба вуљуд оранд. Агар чунин набошад, пас чи њадаф дорад норасоињои табииву иљтимоиии афроди алоњидаро чун арзиши умумибашарї тафсир намудани Human Rights Watch?!!!

 Њамљинсгарої њарчанд беморї њисобида нашавад њам, аммо барои пањншавии беморињои мухталифи марговар як роњи маълум шудааст. Аз ин хотир ба ќайд гирифтани чунин нафарон зарур ва њатмист, то ки дигаронро низ ба беморї гирифтор насозанд.

Ба Ватан баргардонидани гумроњоне, ки бо таблиѓи наҳзатиҳо ба кишварњои љангзада рафтаанд, кори дуруст ва сариваќтии маќомоти Тољикистон мебошад. Ин амалро аз дидгоњи манфї бањодињии Human Rights Watch њангомае беш нест, зеро ба њамагон маълум аст ки кулли созмонњои ба ном дифоъгари инсонњо дар асоси грантњои кишварњои алоњида амал мекунанд.  Агар Human Rights Watch вазъи њуќуќї дар кишвари моро бад нишон надињад, маълум аст, ки дигар грант гирифта наметавонад.

Аъзоёни ТЭТ ЊНИ ва Гурўњи 24 њељ гоњ мухолиф барои Њукумати Тољикистон набуданду нахоњанд шуд, зеро ду-се оќипадари ватанфурўш кори манфиатоваре барои мардум карда наметавонад!!!

 Сармуњосиби ТЭТ ЊНИ љинояткор аст, зеро маблаѓњои созмонеро њисобу китоб мекард, ки боиси љанги шањвандї дар кишвар гардидааст. Довари аслї дар хиёнатњои  ТЭТ ЊНИ ва  шариконаш халќи Тољикистон мебошад. Фаъолияти наҳзатиҳо маҳз бар зарари мардум равона гардида буд.  

Њарки бо душмании халќ равон аст чу бањр

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хўрад.

 Дар гузориши солонаи Human Rights Watch асосан номи нафароне падид омадааст, ки њадафи аслиашон барњам задани низоми  демокративу дунявии кишвар ва љорї намудани режими динї мазњабї мебошад.

 Дурўѓи дигари шохдор ва беасоси Human Rights Watch ин аз љониби маќомот таъќибу назорат шудани  наздикон ва пайвандони ду-се гурезаи гумроњ мебошад. Ба тамоми мардуми олам маълум аст, ки касеро барои фаъолиятњои ѓайриќонунии нафари дигар на назорат мекунанду на пурсиш. 

 Иброњим Тиллозодаро ягон маќомоте на таъќид кардаасту на назорат, баръакс маќомоти кишвар мусоидат намуданд, ки ўро берун аз кишвар табобат кунанд. Аммо дар њамон лањза њам раиси ТЭТ ЊНИ ба љањон чор зад, ки набераи маро гаравгон гирифтаанд. Магар демократия ва инсонгарої барои Human Rights Watch танњо њимоя аз манофеи созмонњои террористї ва харобкор аст???!!!

Яке аз афроди љилвадињандаи сархати њамешагии гузоришњои Human Rights Watch Шабнам Худойдодова аст, ки дар Тољикистон касе на худашро мешиносаду на атрофиёнашро. Ин зани бефаросату бефарњанг барои њамаи нокомињояш њамеша маќомоти кишварро гунањгор медонад.  Чун ин зан  нокомии иљтимої дорад, омодааст барои бароварда кардани камбудињояш аз бањри њама гуна арзишњои инсонї гузарад ва худро дар сархати  фењристи љафокашидањои Human Rights Watch љой бидињад.

 Ин ки Раљабалї Комилов, барои кирдорњои ѓайриќонуниаш дар солњои 1992-1997 бо њукми суд  аз озодї мањруњ карда шудааст, њељ рабте ба њарзафурўшињои берабту сафсатаи  иѓвогаре бо номи  Љаннатулло Комилов надорад. Њукми судњои Тољикистонро зери суол бурдани Human Rights Watch ифодагари он аст, ки ин созмон на барои ободиву осоиштагї, балки барои бештар шудани љинояту љинояткорї мусоидат мекунад.

Бо сабабњои техникї чанд соат фаъол набудани шабакањои иљтимоии «Фейсбук» «Ютуб», Радиои Аврупои Озодро Human Rights Watch чунон баррасї кардааст, ки гуё  музахрафот гуфтану навиштани чанд нафар дар ин шабакањо  унсурњои асосии демократия ва озодии баён њастанд. 

Дар њама давлату кишварњои олам танзими расму оин ва мазњаб барои рушди љомеа вуљуд дорад. Human Rights Watch бошад дар гузоришаш ин амалњоро нодида гирифта њатто барои иѓвоангезї лухтак Барбиро ёдовар мешавад. Ин ќисмати гузориши солонаи Human Rights Watch комилан иѓвобарангез ва дур аз воќеияти љомеаи Тољикистон аст.

  Аз тавсияи напўшидани хиљоб, ки ба фарњанги мардуми мо бегона аст, њангома сохтани Human Rights Watch дар гузоришаш баёнгари он аст, ки барои манфиатњои ин  созмон арзишњои фарњангњои мухталиф  мутаѓоир аст.

Созмони  ба ном байналмилалии Human Rights Watch дар  идомаи гузоришаш барои боз њам иѓвогарї, аз шарикони кории  Тољикистон ИМА ва Иттињоди Аврупо  ва дигар шарикони байналмилалї ёдовар шуда, ба хотири дар оянда идома додани тањлилу гузоришњои ифротгароёнааш, хулоса мекунад, ки сабаби љорї нанамудани тањримот барои риоя нашудани њуќуќи инсон дар Тољикистон ба хотири мавќеи геостратегї доштани кишвар аст.

  Дар маљмўъ метавон хулоса кард, ки гузориши солонаи созмони байналмилалии Human Rights Watch яктарафа, ѓаразнок ва нокомил буда, наметавонад баёнгари вазъи воќеии њуќуќи инсон дар Тољикистон бошад, зеро ин гузориш бе назардошти махсусиятњои иќтисодї, иљтимої ва фарњангиву маънавии сокинони кишвари мо тањия ва пањн шудааст. Илова бар ин гузориши як созмони алоњида њељ гоњ наметавонад, мањаки аслї барои инъикоси рўзгори имрўзаи мардуми мо бошад.

 

Амир Азим,

таҳлилгар

 

 

СУРОҒА

Маҳаллаи 20, бинои Кохи матбуот, 6 ошёна

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Телефон: