Тоҷикистон аз рӯи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба сегонаи пешсафи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардидааст

Автор: Administrator Категория: СИЁСАТ
Дата публикации Просмотров: 744
Печать

Афзоиши аз ҳама зиёди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон бо нишондиҳандаи 7,3% ба қайд гирифта шудааст иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

 

Аз рӯи афзоиши ММД Туркманистон бо 6,2% дар ҷойи дуюм ва Арманистон бо 6% дар ҷойи сеюм қарор доранд. Тибқи маълумоти ин кумита, афзоиши тахминии ММД дар қаламрави ИДМ 2,2%-ро ташкил медиҳад.
Миёни кишварҳои дорои афзоиши камтари ММД Украина -2,8%, Россия -2,3% ва Озарбойҷон -1,4% номбар шудаанд.
Илова бар ин, Тоҷикистон аз рӯи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба сегонаи пешсафи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Тибқи ин нишондиҳанда Ӯзбекистон бо 14,4% дар ҷои аввал, Тоҷикистон бо 11,8% дар ҷои дуюм ва Беларус бо 5,7% дар мавқеи сеюми радабандӣ қарор доранд. Афзоиши камтар дар Россия — 2.9%, Озарбойҷон — 1,5% ва Украина — 1,1% фоиз ба қайд гирифта шудааст. Ба ҳисоби миёна, афзоиши истеҳсолоти саноатӣ дар кишварҳои ИДМ 2,8%-ро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2018 ҳаҷми ММД Тоҷикистон 68,8 миллиард сомонӣ ё бештар аз 7,3 миллиард доллари ИМАро ташкил дод. Афзоиши иқтисодиёт аз нақшаи интизории ҳукумат 0,3% барзиёд таъмин гардид.

психологическая помощь | как лечить простуду | крис картер секретные материалы | отзывы об отелях Бельгии и отзывы об автомобилях Citroen