ҲНИ сарчашмаи пайдоиши экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон

Автор: Суғд Ҳақиқати Категория: Миллий хавфсизлик
Дата публикации Просмотров: 2607
Печать

 

 

Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29-уми сентябр Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) — ягона ҳизби динӣ дар минтақаи Осиёи Миёнаро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард, инчунин нашри ҳафтаномаи "Наҷот"- органи чопии ташкилот ва саҳифаи интернетии он бо қарори додгоҳ мутаваққиф шуд.

Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатои маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона, имрӯз сокинони кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оид ба давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо нуқтаи назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ин, иддаое вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократӣ монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида хатои маҳз ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ муаммоҳо ҷой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад, фаъолияти ҲНИ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона, дар тасаввури баъзе афроди ҷомеа акидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонанд ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Орзу мекунанд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд. Аксари чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ бахшида шуда, аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди собиқ роҳбари ҲНИ мебошад. Натиҷаи ин амалҳо шабеҳи давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Араб Ироқ, ки шаҳрвандон бевосита иштирок намуда, ҳалок шудаанд.

Аз ин ҷост, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар хотир дорад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995миллати тоҷик мардонавор зидди хунсардӣ муборизаи бемаон бурд ва бебодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта, ба ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиёгии аъзои ИДМ мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд. Бо ин назардошт, ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои муқтадирест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазир истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст. Фаъолияти созмони ифротгароию террорисии ҲНИ дар либоси сиёҳи дӯстдорони дини ислом корҳои душманони онро бароварда хайр карда истодааст. Вале ин падидаи бад на танхо пайванди худро ба манзилхои харобкардаи худ канданӣ нест, балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Яке аз ин гуна озмоишҳои онҳо мохи декабри соли ҷорӣ дар Берлин буд, ки онро ба хадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Овози баланди мардуми мо “Ман Ватанамро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд.

Хулоса, вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию террористӣ тақозо менамояд, ки мо садди роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори сиёсати миллӣ, маориф ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем.

Кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума ДДХ

психологическая помощь | как лечить простуду | крис картер секретные материалы | отзывы об отелях Бельгии и отзывы об автомобилях Citroen