Пешгирӣ аз ифротгароӣ

Автор: Administrator Категория: Маориф
Дата публикации Просмотров: 2979
Печать

 

Истифода шудани симкорти шабакаҳои мобилии Тоҷикистон  дар амалҳои террористӣ-экстремистӣ ва қочоқи маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯз то рӯз бештар мегардад. Ширкатҳои мобилии дохилӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт симкортҳоеро, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд ва ба номи онҳо ба қайд гирифта шудаанд, ба сокинони Афғонистон мефурушанд. Аз ин рӯ, дар ҷаласаи якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҶТ ва ширкатҳои мобилии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда  масъалаи мазкур ҳамаҷониба  мавриди баррасӣ қарор гирифт.


 

Бояд тазаккур дод, ки то ҳол низ ҳолатҳои фурӯш ва интиқоли симкорти ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон вуҷуд доранд ва аксарияти ин симкортҳо аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ - экстремистӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар амалиётҳои тахрибкорӣ истифода карда мешаванд. Масалан, зиёда аз 5000 симкорти ғайриқонунӣ ба бошандагони Афғонистон фурухта шудаанд ва дар  ҳудуди вилояти Бадахшони Афғонистон беш аз 60% симкоритҳои мобилии истифодашавандаро симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистии дар ин минтақаи Ағонистон ҷойгиршуда маҳз аз симкорти шабакаҳои мобилии Тоҷикистон истифода мекунанд.

Аз ин рӯ, роҳандозӣ гардидани фуруши симкортҳо ба 250 сомонӣ метавонад аз амалҳои тахрибкоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ пешгирӣ намояд. Зеро ҷойгир шудани қувваҳои хуношоми ҳаракатҳои ифротгароӣ дар Афғонистон бо истифода аз симкортҳои бе ному бе қайд маҷрои ҳодисаҳоро тузутунд мекунанд. Агар аз ин раванд пешгирӣ нашавад, он хеле васеъ гардида, ба манфиатҳои ҳаётии давлату миллати тоҷик таъсири манфӣ мерасонад.

Иқдомоти ҳамоҳангшудаи мақомоти марбута баҳри муайян ва пешгирӣ кардан аз ҳар гуна хатару таҳдидҳо равона карда шудааст, то имконияти дастрасӣ ба симкортҳои шабакаҳои мобилии Тоҷикистон барои гурӯҳу қувваҳои тахрибкор кам гардад. Сокинон бо гирифтани як ё ду симкорт метавонанд дар таъмини амнияти сиёсии кишвар ёрии маънавию амалии худро расонанд ва то ба дасти террористу экстремист расидани он пешгирӣ намоянд.

Ин воқеан ҳам масъалаест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмину таҳкими пояи давлатдории миллии худ ба он таваҷҷуҳи бештар медиҳад. Зеро яке аз сабабҳои ба низом надаромадани хариду фуруши симкортҳо маҳз истифодаи нодурусти он мебошад. Ин иқдом амалҳои зиштро ошкор намуда, симои аслии душманони миллатро дар байни мардум нишон медиҳад ва амнияти кишварро таъмин намоянд.

С.Ориёнфар

психологическая помощь | как лечить простуду | крис картер секретные материалы | отзывы об отелях Бельгии и отзывы об автомобилях Citroen